734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ идома дорад

Дар ҶДММ “Сафед – дара” қисмати дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ аз рӯи слаломи калон ба масофаи 800 миёни 76 нафар варзишгар бомаром идома дорад.
Тавре Садолати Ибодулло мурабии дастаи занона аз марказӣ баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, мусобиқа дар як сатҳи баланду зарурӣ доир гардида истодааст, ки ҳайати иштирокчиён 76 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мусобиқа 8 нафар бонувон барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуда истодаанд.
Садолати Ибодулло зикр доштанд, ки мусобиқа пас аз як соат ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2019 дар ҳамкори бо Ассотсиатсияи бозиҳои намудҳои зимистонаи варзиш мусобиқаи ҷумҳуиявӣ оид ба лижаронии кӯҳиро миёни наврасону ҷавонон (духтарон ва писарон) роҳандозӣ намудааст, ки ин барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиш, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мусоидат менамояд.


17.02.2019 Нет комментариев