734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон баргузор гардида истодааст

Аз 16 то 17 феврали соли 2019 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб баргузор мегардад.
Имрӯз дар базаи ҶДММ “Сафед – дара” рӯзи аввали мусобиқа бо доираи васеи варзишгарон ба кори хеш оғоз намуд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии бозиҳои намудҳои зимистона ҷиҳати рушди ин навъи бозиҳо тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки дар ду соли охир шумораи иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ рӯ ба афзоиш аст.
Ба Комиссияи ваколатӣ оид ба баргузории мусобиқаи мазкур 9 даста иборат аз 85 нафар, аз ҷумла 76 варзишгар, аз ин 7 нафар духтарон ва 69 нафар писарон дархост намудаанд.


16.02.2019 Нет комментариев