734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ашқобод-2017: Ғалабаи Сиёвуш дар даври аввал

АШҚОБОД. 2017, 16 сентябр
Дар рӯзи дуюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мусобиқот оид ба муайтай идома ёфт.
Дар ин намуд варзишгарон дар вазнҳои -60 ва -81 кг рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Сиёвуш Забиров дар вазни -81 кг ба ринг баромада, ҳарифаш Муҳаммад Салама аз Урдунро бо ҳисоби 29:27 мағлуб кард. Ҳарифи Сиёвуш дар даври чорякфинал Ҳошим Маҷиди эронӣ мебошад. Ин ҳарб 19 сентябр доир мегардад.
Мусобиқот оид ба муайтай фардо 18 сентябр идома меёбад. Варзишгарони тоҷик Манучеҳри Назривалӣ дар вазни -54 кг бо Елазан Замирбеков аз Қирғизистон ва Саъдӣ Шарипов дар вазни -57 кг бо Чотичанин Кокрашай аз Тайланд рақобат мекунанд.


16.09.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.