734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таассуроти ҷавонон аз сафар ба вилояти Суғд

Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон» 22 ҷавони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми 3 рӯз меҳмони сокинони вилояти Суғд гардиданд.

Пас аз баргаштан чанде аз онҳо таассуроташонро чунин баён доштанд:

Soleh-300x300

Солеҳ Чоршанбиев,  директори Муассисаи давлатии маркази ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

– Мо, 22 нафар ҷавонони ВМКБ тӯли се рӯз дар вилояти Суғд меҳмон будем. Моро дар вилоят хеле хуб пешвоз гирифтанд ва ҷавонони мо бо урфу одат, зиндагии ҷавонони суғдӣ, тарзи пӯхтани таомҳои миллӣ  шинос шуданд. Мақсад аз ташкили ин гуна чорабиниҳо, пеш аз ҳама ривоҷ додани дӯстиву рафоқат, пешгирӣ намудани ҷавонон  аз ҳар гуна амалҳои зишти ҷомеа, аз қабили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ,   шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ  мебошад. Имрӯз бояд мо аз як гиребон сар бароварда, нагузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба диёрамон гузорад. Ҳар яки мо бояд марзу буми худро ҳифз кунем, чунки ояндаи ин Ватан дар дасти мо ҷавонон мебошад!
Малика Хориҷнисоева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ

– Мо  ҷавонони бадахшонӣ бениҳоят хушбахт аз он ҳастем, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, тавонистем бо зиндагии ҷавонони вилояти Суғд ошно гардем. Мо давоми 3 рӯз дар хонадони онҳо зиндагӣ карда, оилаҳои суғдӣ моро чун фарзанди худ қабул намуданд. Зимни сафар мо аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намудем. 

Наврӯзов А., як тан аз ҷавонони фаъоли ВМКБ

Дар ин сафар бо урфу одати мардуми вилояти Суғд шинос  шудам. Бори аввал ба ин вилоят сафар кардам. Мо, дар онҷо бо ҳамсолони худ бештар дар бораи тиҷорату варзиш суҳбат намудем. Аз фурсати муносиб  истифода  бурда,  миннатдории  худро  ташкилкунандагони ин чорабинӣ, Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.


07.07.2015 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.