734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ НИГАҲДОШТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 22 июли соли 2016 бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии №02615«г» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар раванди нигаҳдошти Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон, ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар чорабинӣ масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла дар суханронии меҳмонон, атрофи дастгириҳои рузафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, нисбати насли ҷавон, шароиту имконоти мавҷуда дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва меҳнатдустӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Кароматулло Мирзоев, адиби шинохта атрофии масъалаҳои муҳими ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арҷгузорӣ ба муҳимияти ин санаи муҳим ҳамрадиф бо арзишҳои ваҳдати миллӣ ибрози назар намуда, ҷавононро ба хизмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуд

Дар фарҷом як қатор дастуру маводҳои тарбиявӣ барои мутолиаи ба сарбозону афсарон ба китобхонаи қисми ҳарбӣ тақдим карда шуд.


22.07.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.