734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастаи «Панҷшер» бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор пирӯз гардид

Дар бозии охирини даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури мухлисони сершумор ҷолибу диданӣ баргузор гардид. Дар ин дидор ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуданд.

Ҳисобро бозингари мизбонон Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 57-ум аз пеналти боз кард. Баъдан Хайриддин Турахонов дар дақиқаи 70-ум ва Ҳасан Холов дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи «Барқчӣ» ду гол зада, бозиро ба нафъи дастаи футболи «Панҷшер» анҷом доданд.

Зимнан, ин пирӯзии дуюми дастаи «Панҷшер» ва бохти нуҳуми дастаи «Барқчӣ» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.


11.06.2018 Нет комментариев