734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


суҳбату вохӯриҳо дар вилояти Суғд

На изображении может находиться: 2 человека, люди стоят, костюм и в помещенииНимаи дуввуми имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд муҳтарам Каримов Мирзоқосим мулоқот бо ҷавонону аъзоёни махфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъулин қайд намуданд, ки шукргузор нисбат ба Ватани тинҷу осоишта, номбардори ин диёри биҳиштосо ва парчамбардори Тоҷикистони азиз бошем. Ҳамзамон доир ба даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, омӯхтани илму дониш ва омӯзиши забонҳо даъват ба амал оварда шуда, кайд гардид, ки имрӯз баҳри пешрафти фаъолияти кории ҷавонон бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама гуна шароитҳо муҳайё мебошад.

На изображении может находиться: 4 человека, толпа и в помещенииНа изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят и в помещении


20.09.2019 Нет комментариев