734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ТИЛЛО МУБОРАК! Муниса дар Мусобиқаи байналмилалии «G1 Beirut Open 2019» сазовори ҷойи аввал гардид

Варзишгари ҷавон, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT) миёни ҷавонон Муниса Ойматова дар Мусобиқаи байналмилалии «G1 Beirut Open 2019» сазовори медали тилло шуд

Мусобиқа аз рӯи чор синн – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз 6 то 8 сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон доир гардида, дар он варзишгарон аз 21 давлати дунё иштирок карданд.

Тавре аз Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муниса Ойматова дар вазни -49кг миёни ҷавонон ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Муниса соли 2019 дар 5 мусобиқаи гуногунсатҳ иштирок карда, ба гирифтани медал мушарраф шуд. Аз ҷумла, моҳи апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва моҳи июл дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея медали тилло, инчунин моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Ҷумҳурии Корея медали нуқра ба даст овард.

 


11.09.2019 Нет комментариев