734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастоварди навбатии варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш

Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш сазовори медали биринҷӣ шуд.

XII Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш миёни калонсолон аз 2 то 4 сентябр дар шаҳри Чунгҷуи Ҷумҳурии Корея, дар доираи Фестивали байналмилалии ҳунарҳои размӣ баргузор шуд.

Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 50 давлати дунё иштирок карданд.
Ҳақназар Назаров дар вазни -81кг ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд. Дар ин вазн Сарвар Шомуродов аз Узбекистон ғолиб гардид. Медали нуқраро варзишгари Эрон Илёс Алӣ Акбарӣ, медали дигари биринҷиро Чун-Та Ҳуанг аз Тайпейи Чин ба даст оварданд.


07.09.2019 Нет комментариев