734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияти навбатии шаҳмотбози тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи ғарбӣ

Чемпионати Осиёи ғарбӣ оид ба шоҳмот байни шоҳмотбозони 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20 сола дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ имрӯз оғоз ёфт. Дар рӯзи аввал хонандаи синфи 7 мактаби №55 шаҳри Душанбе, ҷоизадори чемпионати Осиё дар соли 2018, ғолиби бозиҳои ҷаҳонии соли 2019, шоҳмотбози ҷавону умедбахш – Абророва Сабрина миёни духтарони 14 сола дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) сазовори чойи 2 ва медали нуқра шуд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ 336 шоҳмотбоз аз 10 давлати Осиё иштирок менамоянд. Чемпионат рӯзи 11 сентябр ҷамъбаст мегардад. Бовари ва орзу дорем, ки Сабрина дар шоҳмоти маъмули (стандарт) ва барквор (блитс) боз сазовори медали тилло мешавад ва парчами Ватани азизамонро баланд мебардорад.

 

 


06.09.2019 Нет комментариев