734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


9 медали варзишгарони тоҷик дар ЧҶ оид ба таэквондо (ITF)


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (ITF) дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло ба даст овард.

21-ум Чемпионати ҷаҳон оид таэквондо (ITF) миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 24-30 август дар шаҳри Пловдиви Булғория баргузор шуд. Дар чемпионат 1421 варзишгар аз 75 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 29 нафар миёни калонсолон ва ҷавонон иштирок карда, ба гирифтани 9 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ – мушарраф шуданд.
Медалҳои тиллоро Муҳсинҷон Муллоҷонов ва Сиёвуш Иброҳимов ба даст оварданд. Муҳсинҷон дар вазни -52кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ нахуст аз варзишгари Ҷопон шикаст хурд, баъдан бар намояндагони Юнон ва Канада пирӯз гардида, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар варзишгари Узбекистон ва дар финал бар варзишгари Кореяи Шимолӣ ғалаба кард. Сиёвуш дар вазни -71кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ бар варзишгарони Украина ва Камбоҷа, дар чорякфинал бар намояндаи Молдова, дар нимфинал бар варзишгари Юнон ва дар финал бар варзишгари мизбон – Булғория ғолиб омад.
Медалҳои нуқраро аз рӯи барномаи “Дифоъ аз худ” (Self Defense) сегонаи Сабина Тюраева, Алишер Ахмедов, Муҳаммад Давлатшоев миёни калонсолон, аз рӯи барномаи “Пас” (Rear) Оятулло Асадуллозода миёни ҷавонони 16-17-сола ва Мансур Шодмонов дар вазни -45кг миёни ҷавонони 14-15-сола сазовор гаштанд.
Алишер Ахмедов дар вазни -58кг миёни мардон, Муъминҷон Нуров дар вазни -50кг миёни ҷавонони 14-15-сола, Сино Иброҳимов дар вазни -51кг ва Муфара Ҳалимова дар вазни -52кг миёни ҷавонони 16-17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд.

9 медали варзишгарони тоҷик дар ЧҶ оид ба таэквондо (ITF)

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни навнарон

Ҷашни Наврӯз муборак бошад!

Гузориши аксӣ аз ҷараёни мизи мудаввар таҳти унвони “Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ) – и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат”

Чорабиниҳои варзишӣ дар моҳи январи соли 2019

Дасти инсон гул аст

Декабр

Ноябр

Октябр

Сентябр

Август