734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Суханронихо

Ҷавонон

18.02.2019 САҲМИ АРЗАНДАИ ҶАВОНОН ДАР ОБОДОНӢ ВА САРСАБЗИИ САРЗАМИНИ БИҲИШТОСО

16 феврали соли 2019 бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоатҳои Ёва ва Исмоили Сомонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон шудааст, бо ҷалби 300 нафар ҷавонони фаъол корҳои ободониву бунёдкорӣ ташкил ва баргузор гардид.

17.02.2019 Ҷавондухтари ҳунарманди сол -2019

Дар ноҳияи Лахш дар доираи таҷлили солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – 2019 – 2021” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманд – 2019” баргузор гардид. Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд – 2019” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаи хнш ба Маҷдиси Олии кишвар  ироа гардид, роҳадозӣ гардидааст. Дар ноҳияи Лахш даври аввали озмуни мазкур бо доираи васеи занону бонувон ва ҷавондухтарони ҳунарманди ноҳия доир карда шуда, се нафар ғолибон ба даври минтақавии он роҳхат пайдо намуданд. Мавриди зикр аст, ки марзилаи аввали […]

16.02.2019 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар ноҳияи Тоҷикобод

Дар ноҳияи Тоҷикобод 15 феврали соли 2019 дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Шӯрои миллии кор бо ҷавонон бо иштироки аъзоёни Шӯро доир гардид. Дар кори Шӯро ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зисту зиндагӣ ва омӯзиши илмҳои муосиру дақиқ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

15.02.2019 МАСТЧОҲ: ПАËМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ МО ҶАВОНОН 

Имрӯз дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ вохӯри бо муҳассилини муассисаҳои таълимии №5 ва №21 – и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони “Паëми Пешвои миллат раҳнамои мо ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабиниҳои болозикр мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидҷаъфар Азизов, мудири Бахши кор бо занон ва оила Саëҳат Қодирова ва мудири Бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия Малика Муродова иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар охир ба якзумра ғолибони мусобиқаи футбол, ки хонандагони муассисаҳои мазкур мебошанд, диплом ва медал тақдим карда шуд.

14.02.2019 «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Зери ин ном таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Дар зер матни Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дигар замимаҳо ба Амри Сарвари давлат ҷой дода мешаванд.   А М Р И Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» озмуни […]

Варзиш

18.02.2019 Ғолибияти Муҳаммадризо Қувватов дар Ҷоми Аврупо.

Дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Аврупо, ки 16-17 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия баргузор шуд, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар – Сиёвуш Солиҳов, Давлаталӣ Назаралиев, Муҳаммадризо Қувватов (ҳар се дар вазни -60кг), Манучеҳр Раҷабов, Одина Муҳаббатов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар се дар вазни -66кг), Иброҳим Саидакбаров, Қурбоналӣ Бозоров (ҳар ду дар вазни -73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Фаридун Холиқзода, Хушвақт Идиев (ҳар се дар вазни -81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) – иштирок намуданд. Медали биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг ҷои панҷумро ишғол кард. Дар Ҷоми кушоди Аврупо миёни ҷавонон дар Санкт-Петербурги […]

18.02.2019 Гулистон: Марҳилаи аввали мусобиқа оид ба гуштини юнонӣ-румӣ.

Санаи 16 феврали соли 2019 дар толори варзишии шаҳри Гулистон марҳилаи якуми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Гулистон байни наврасону ҷавонон, бахшида ба 26-солагии Рузи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи гуштини юнони-румӣ байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Гулистон, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Гулистон оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаро бо диплом ва медал қадрдонӣ карда шуданд.

18.02.2019 Мусобиқаи велосипедронии “Критериум – 2019” дар вилояти Суғд баргузор гардид.

17 феврали соли 2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид. Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд то назди гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сабқат намуданд. Тавре хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов иттилоъ медиҳад, нахуст, дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории озмун ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки дар заминаи дастуру […]

17.02.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ идома дорад.

Дар ҶДММ “Сафед – дара” қисмати дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ аз рӯи слаломи калон ба масофаи 800 миёни 76 нафар варзишгар бомаром идома дорад. Тавре Садолати Ибодулло мурабии дастаи занона аз марказӣ баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, мусобиқа дар як сатҳи баланду зарурӣ доир гардида истодааст, ки ҳайати иштирокчиён 76 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мусобиқа 8 нафар бонувон барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Садолати Ибодулло зикр доштанд, ки мусобиқа пас аз як соат ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва […]

17.02.2019 Роҳ ба сӯи Токио – 2020.

Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 15 феврал баргузор шуд, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров низ иштирок карданд.   Дар оғози ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо хабар дод, ки нақшаи сеҷониба миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии намудҳои дзюдо, қайиқронӣ ва гуштини озоду юнонӣ-римӣ омода шуда, барои тасдиқ ба роҳбарият  пешниҳод шуд. Дар асоси нақша сарчашмаи маблағгузории ҳайати дастаҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ […]

Данная рубрика не содержит информаций