734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таъсири оини ҷавонмардӣ дар варзишҳои бостонӣ

Тандурустӣ кори хеле хуб аст, вале аз давраи Куруши кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд номи ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм ақлу дониши расо ва ниҳоят имтиҳони сеюм одобу фаросати ҳамида буд. Ин хислатҳо дар ҳикмати “рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” таҷассум меёфт. Худи ибораи “варзиш” нерӯмандию паҳлавонӣ, адабу ҷавонмардӣ ва рӯҳи солим аст.

Варзиш иффату некӣ, фурутаниву шикастанафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, мо зери калимаи варзиш ҳамзамон варзишҳои суннатии миллии хеш, таровату нафосат ва салосату инкишофи соҳаҳои мухталифи онро эҳсос менамоем. Ҳанӯз аз даврони қадим пайдост, ки баъзе намудҳои варзиши бостонии халқи тоҷик, аз ҷумла зӯроварӣ (дар мубориза алайҳи ҳайвонони дарранда), гӯштини паҳлавонӣ, чавгони болои алаф, пойгатозии аспӣ, чархзадану давидану ҳаво додани олотҳои шикорӣ имрӯз дар шакли дигар боқӣ мондаанд. Бевосита, онҳо ба варзишии суннатҳои миллии мо ворид гардида, мақоми устувор пайдо кардаанд.

Омӯзиши шаклҳои қадимаи варзиш нишон медиҳад, ки он ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи худмуҳофизаткунии халқ тараққӣ кардааст. Яъне халқ дар натиҷаи меҳнат, худмуҳофизаткунӣ ва муҳориба бо душман сифатҳои ҷисмонӣ ва маҳорати худро дар давидан, ҳаво додани яроқ, ҷаҳидан, шиноварӣ ва дигар ҳаракатҳо такмил медиҳад. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ ва таҳқиқоти этнографӣ дар Помир, Кӯлоб ва қалъаи Ҳисор маълум мешавад, ки мардуми мо аз давраҳои қадим ба варзиш машғул буданд. Ҳуҷҷатҳои бисёри таърихие, ки дар осорхонаи таърихии кишваршиносии ҷумҳурӣ ҷой доранд, аз он ҷумла яроқҳои ҷанговарони қадими тоҷик ва мавҷуд будани гурӯҳҳои одамони мусаллаҳ. Дар бораи кадом яроқи мусаллаҳ будани он замон аз сурати ҷанговари болои асп, ки аз кӯҳи Муғ ёфта шудааст, маълум мегардад. Дар он сурат ҷанговари савораи бо зиреҳ пӯшида, шамшер дар миён, камон бо тирҳояш ва бо гурз мусаллаҳ акс ёфтааст. Аз сурат маълум мешавад, ки ҷанговарони аспсавор дар давраи худ хеле хуб мусаллаҳ будаанду барои ҳимояи ватан ва номуси худ тайёр.

Таърихшиноси тоҷик Б. Ғафуров дар китобҳои илмии худ ҷисман боқувват будани халқи тоҷик, ҷасурии онҳоро дар ҷангҳо ба муқобили истилогарони юнону макдунӣ (асри IV-III то мелод) нишон медиҳад. Барои тасдиқи ин фикри олим шуриши Искандари Макдунӣ ба Осиёи Миёна мисоли хубе мебошад. Масалан, дар бисёр мамлакатҳое, ки аз тарафи ин истилогар ишғол шудаанд, халқ муқобилият нишон надод, аммо дар қисми шарқии Эрон ва Осиёи Миёна аскарони макдунӣ ба бисёр задухӯрдҳо дучор шуданд. Барои таслим кардани мардуми Осиёи Миёна қариб се сол ҷангидан лозим шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик аз қадим нангу номуси ватандории худро нигоҳ медорад.

Дар замони подшоҳии Ҷамшед одамон риштабофӣ, матоъбофӣ, либосдӯзӣ, ҳамчунин сохтани афзори ҷангӣ, варзишӣ ва киштирониро аз худ намуданд. Метавон гуфт, ки оинҳои истиқболи Наврӯз, Меҳргон ва Сада чун дастовардҳои маънавию варзишии подшоҳҳои аҳди қадим аст, ки барои гузаронидани ин идҳо мардум моҳҳо тайёрии варзишӣ дида, бозиҳои варзишӣ, ба монанди гӯштингирӣ, давидан, ҷаҳиданро барпо менамуданд.

Дар бозиҳои пешиниён аз рӯи ҷасорат ва нотарсӣ шабона аз деҳаи дур рафта овардани “бори шартӣ”, кафондани “ғӯлачӯбҳои сахт», бо шарт пушт кардани “асп”, “хар”, тоб додану хам кардани фулуз (оҳан), бо мушт кӯфтани мех, бо дандон кашидани мех аз тани чӯб, бо буққаҳои маст муҳориба кардан, аспҳои носареро ром карда, зин зада савор шудан, дар дави асп ҳалқа партофтан, доштани асп ва ғайраҳо аз бозиҳое буданд, ки онҳо аз иҷрокунандагон далерӣ, устуворӣ ва матиниродагиро талаб мекарданд. Дар бораи варзиш кӣ аввалин шуда китоб навиштааст? Ин суол тадқиқотчиёнро ба андеша овардааст. Баъзеҳо Ҳеродот, падари таърихро ном мегиранд. Баъзеҳо Гомерро. Дар манзума (баллада)-и “Одиссей” чунин сатрҳо аст: “Яке тӯбро ба осмон ҳаво дод, ки то абрҳои торику равшан расид, дигаре давиду ба сӯи осмон парид ва тӯбро ҳангоми “парвоз” паррон даррабуд ва пояш ба замин нарасида, муаллақ истод.” Ин ҷо мубориза бошад ҳам, омили амри воқеъ он аст, ки дар замони қаҳрамонии Одисей мардум ба варзиш шуғл доштаанду Гомер дар манзумаи худ тубро мисол овардааст.

Ёдгориҳои антиқаи адабиёт то замони мо номи бисёр варзишгарони олимпиро оварда расондааст, ки дуюним ҳазор сол пеш умр ба сар бурдаанд. Аз китобҳои қадим аён аст, ки аз ҳама варзиши маъмул ин “муштзанӣ” буд, ки Диагор чемпиони аввалини он буда, устоди Пиндор ёд мешавад. Диагор фарзандонашро ҳунари муштзанӣ таълим медод. Як замон мураббӣ оид ба варзиш духтари Диагор буд. Ӯ шогирдашро машқ дода, ба бозии Олимп тайёр мекард. Азбаски ба майдони Олимп рафтани занон манъ буд, вай либоси мардона пӯшида барои дидани ҳунари шогирдонаш ба майдони Олимп меояд. Инро фаҳмида, вайро дастгир намуда, ҳукми қатл медиҳанд. Вале бо сабаби хизматҳои бузурги падараш Диагор ӯро мебахшад.

Дастнависи якуме ёфт шуд, ки оид ба варзиш, махсусан “Гӯштин” дарак медиҳад. Он аз тарафи Ганс Бурм соли 1511 иншо шуда аст. Дар адабиёти форсу тоҷик оиди варзиш китоби “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ, “Ҳамзанома”, “Абӯмуслимнома”, “Қобуснома”, “Сиёсатнома” аз давраи шоҳаншоҳии каёниён, ҳахоманишиҳо, сосониён, сомониён оиди варзиши аспсаворӣ, шамшербозӣ, гӯштингирӣ, шиноварӣ, найзапартоӣ, камонварӣ, гурзпартоӣ, бандкашӣ, паридан, давидан ҳанӯз асрҳои 1Х-Х офарида шудааст, ки аз қадимӣ будани бозиҳои миллии халқи тоҷик ва соҳиби нангу номус ва матонату шарафи ватандорӣ будани онҳо дарак медиҳад.

“Сафарнома”-и Носири Хусрав илм, тафаккур ва тамаддуни бузурги тоҷиконро ба мерос гузоштааст. Носири Хусрав тӯли 7 сол сафари таърихию ҷуғрофӣ карда, ҷаҳонро пиёда тай мезанад. Ӯро метавон бузургтарин варзишгар дар пиёдароҳгардӣ номид. Дар таърих номи далерону гурдони ашкониён Шопур, Гударз, Бежан, Нарсию Урдмузд, Ораш, Ардавон, Баҳром, Ардашери Бобакон ёд мешавад, ки онҳо тарафдори некӣ, адолат, хулқи хуб, мардумнавозию додрасӣ будаанд ва инсонро ба нигаҳдошт ва пазироии роҳи рост, хислатҳои олӣ тарғиб менамуданд. Дар баробари ҳамаи ин, онҳо аз ҷумлаи варзишгарони номии халқи форсзабон буданд, ки паҳлавонӣ ва корнамоиҳояшон барои идеали тарбияи ҷамъият, барои пешрафти афкори эстетикӣ ва фалсафаи инсондӯстии ҷаҳон нақши калон дорад.

Тимсоли Рустам ҳамчун паҳлавони нотакрор рамзи бузургию эътиқод, шукӯҳу тавоноӣ, ифтихори халқ гардид, ки алҳол халқҳои Эрон, Афғонистон, хулоса Осиёи Марказӣ бо номи вай набарду паҳлавонӣ мекунанд. Бозии пойга бо асп ва шутур, бузкашӣ, бозии чавгон бо асп, бозии шамшерзанӣ, найза, дар дави асп аз ду тараф мондани химча ё қамиш ё дар този асп қалам кардани онҳо аз бозиҳои миллии қадимаи тоҷикон аст. Аспсаворҳои моҳир дар дави асп аз таги шиками асп гузашта, бо як чолокии махсус дар болои зин рост истода, асп медавонанд. Ё худ дар асп чаппа савор шуда, дар давидан ба нишонҳо аз пайкон тир мезаданд. Бозии қадимаи дигар бузкашӣ аст, ки човандози моҳир бузи сарбуридае, тайлоқро аз почааш дошта, аз анбӯҳи саворон гузаронида, ба марра мепартояд.

Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ё “Аз Ориён то Сомониён”-и Эмомалӣ Раҳмон дар бахши “Қаноати мард ва сутуни пойдори давлат” дар васфи асп, аспбоз ва асппарвар бисёр санадҳои таърихӣ оварда шуда, аз ҷумла зикр гаштааст: “Ногуфта намонад, ки подшоҳону шаҳриёрон ва сипаҳбудону лашкаркашони Балху Бохтар, Хатлону Қубодиён, Вашгирду Чағониён, Аҳоруну Шумон, Суғду Самарқанд, Бухорову Марв ва садҳо шаҳрҳои хурду бузурги қаламрави ниёгони тоҷик аз қадим ба асп меҳру ихлоси хоса дошта, ғайри сафарҳои дуру наздик ва корзори майдони ҷанг боз маҳорати худро дар қувваозмоиҳо ва дилхушии айёми иду ҷашнҳо намоиш медоданд. Чавгонбозӣ, пойгаҳ, набардҳои тан ба тан, гардунсаворӣ, камандандозӣ, ҳангомаҳои сайду шикор ва дигар русумҳои озмудани маҳорату чобукии яккасаворон водор мекард, ки пайваста ба беҳ кардани насл, зоту зуриёт, тарҳу намуд, қаду қомат ва рангу ҷилои асп диққати хосае бидиҳанд.

Албатта, тавсеаи варзишҳои бостонӣ, ки ёдгоре аз арзишмандтарин мероси фарҳангии ниёгонанд, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ва халқҳои Осиёи Марказӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Бодо, ки тавсеа ва густариши варзиши бостонӣ, бахусус дар ҳавзаҳои ҳамфарҳанг беш аз пеш бошад. Ифтитоҳи нахустзӯрхонаи тавоноию ҷавонмардӣ маркази маърифату ҳунар ва тадбирҳои хотирмони варзишҳои бостонӣ далели арзишманд мебошад.

Ҷавонмардӣ дар замони пеш аз ислом мактаби ахлоқӣ, маънавӣ буд, ки дар он паҳлавонӣ, дониш, ҷасурӣ, покӣ, саховатмандӣ, ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар сифатҳои беҳтарини инсонро меомӯхтанд. Дар замони ислом ҷавонмардиро футувват меномиданд, ки онро Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба се бахш: футувватномаи Султонӣ, Ахлоқи Муҳсинӣ ва рисолаи Ҳотамия тақсим кардааст. Дар асли ин се хислати ҷавонмардии пеш аз исломӣ-хирадмандӣ, олиҳимматӣ ва дасткушодӣ дида мешавад. Далерӣ дар урфияти ориёиҳо яке аз хислатҳои бузурги шахс дар муқобили тарсончакӣ, номар мебошад. Ноҷавонмардӣ аз тарсончак пайдо шуда, тарсончакҳо ҳатто ба модар, падар, бародар, дӯстон ва Ватану миллат хиёнат мекунанд. “Гузаштагони мо, – ба ифодаи муҳаққиқ, олими забардаст Ю. Яъқубов, – гуфтаанд, ки шуҷоъ гумони нек дорад ва марди далери дилдор дар корзор қуввати дили дигарон аст, зеро ӯ аз корзор намегурезад”.

Варзишгари солим, оне ки аз таълими тарбияи бадан гузаштааст ва дар ӯ хислати ҷавонмардӣ, далерӣ, паҳлавонӣ мавҷуд аст, ҳангоми набард ба ҳариф, иҷрои машқҳои вазнин ва сабук ҳаргиз аз майдон намеҳаросад. Майдони мусобиқа, издиҳоми калони мардум ин худ “воҳима”, “ҳарос” ва ҷои “шарму ҳаё” аст. Бисёр варзишгарони номӣ баъзан аз таърифи ҳакам, ки ҳарифи ӯро тавсифи “болохонадор” мекунад, меҳаросанд. Беҷуръатонро “ваҳм” зер мекунад. Ин ваҳм ба мағлубияти ӯ оварда расонданаш мумкин аст.

Варзиш ин таълимотест, ки ҷиҳатҳои тарбиявии зиёд дорад. Варзиш арсаи нангу номус, ифтихори халқияту миллат мебошад. Барои ба ин зинаи ифтихорӣ расидан пайваста омӯхтан, машқ кардан, дар интихоби варзиш дурахшидан зарур аст. Варзиш аз инсон эҷодкорӣ, таҳаммулкорӣ, зебопарастиро талабида, варзишгарро дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибори баланд мегардонад. Варзишгар ба пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир бо чашми хираду ифтихори миллӣ бояд назар андозад ва ояндасоз бошад.

Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, дотсент, ноиби ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


20.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.