73402, Таджикистан, Душанбе, ул.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Мулоқоти тарбиявии Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати ду рӯз аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбият намудани ҷавонону наврасон, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, дар замири ҷавонон коштани ҳисси ватандӯстӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ фарҳангӣ, омӯзишӣ ва  сайёҳатӣ  миёни наврасону ҷавонони оворагарду душвортарбия баргузор гардида истодааст.

Нахуст, дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо ҷалби  мутахассисон ва равоншиносон дарси омӯзишӣ дар мавзӯи “Хатарҳои ҷиноят ва пешгирии онҳо миёни наврасону ҷавонон” баргузор гардид, ки дар он равоншиносон ба  иштирокчиён хатарҳо ва паёмадҳои оворагардиро ба онҳо фаҳмониданд.

Сипас, гурӯҳи наврасону ҷавонон  бо мақсади ошно сохта ба таърихи  миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ аз Осорхонаи миллӣ  дидан намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои маърифатӣ мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода бо ин қишри ҷомеа баргузор гардид. “Ватан — Ватани мост. Барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таърихи ниёгонамон ҳазорон фарзандони фарзонаи миллат ҷони хешро бедареғ бахшиданд. Дар охири садаи 20 миллат ба парокандагӣ ва давлат ба нобудӣ рафта буд, вале Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аз худ гузаштанҳо ва талошҳои беназир барои мардуми кишвар Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро фароҳам овард. Тамоми шароит барои мову шумо фароҳам оварда шудааст. Пас моро зарур аст, ки илм омӯзем, дониш аз бар намоем ва чун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи ободиии Ватан камари ҳиммат бандем” – зикр намуд Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии хеш.

Дар доираи чорабиниҳои маърифатӣ – фарҳангӣ наврасону ҷавонон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва таърихии кишвар дидан хоҳанд кард.

Кумитаи кор бо ҷавонон бо мақсади тарбияи насли наврас ва ҳидоят намудани онҳо дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат  чораҳои муассир андешида, минбаъд чунин чорабиниҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар менамояд.


07.12.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.