734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Машғулиятҳои амалиявӣ дар доираи Маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем»

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем» — и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб машғулиятҳои назарявӣ ҳар ҳафта бо доираи васеи ҷавонон доир карда мешаванд.

Ин ҳафта машғулият аз фанни химия роҳандозӣ гардида, ба шунавандагон вобаста ба элементҳои химиявӣ, реаксияҳои химиявӣ дар шакли назарявӣ ва амалӣ маълумот дода шуд.

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба азхуднамоии илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шуда истодааст.


28.02.2019 Нет комментариев