734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баҳри тарғиби ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва фарогирии онҳо ба ташхиси тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт аз 27 феврали соли 2019 оғоз гардид.

Нахуст дар рӯзи аввали чорабиниҳо масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Раёсати шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волидайн, сокинони маҳаллаҳо ва хонандагону омӯзгорон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ноҳияи Фирдавсӣ, рақами 35 ва 61 ноҳияи Шоҳмансур, рақами 89 ноҳияи Сино ва рақами 26 ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот намуданд.

Дар чорабинҳо масъулин атрофи самтҳои сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷӯҳу ғамхориҳо, шароиту имконияти фароҳамшуда ба насли наврас ва ҷавон, машғул шудан ба варзиш, истифодаи самараноки вақт, ба таври ҳатми гузаштан аз муоинаи тиббӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва эмин будан аз бемориҳои хавфноки сироятӣ андешаҳои худро иброз намуда, ба иштирокчиён тавсияҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки дар баробари таълиму тарбия имрӯз волидайнро зарур аст масъулияти бештар баҳри солим ба воя расидан фарзандон эҳсос намуда, дар ин самт ба таври ҷиддӣ машғул гарданд. 
Мавриди зикр аст,ки ин тадбир ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда, ба навбат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт идома меёбад.


28.02.2019 Нет комментариев