734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар Донишгоҳи Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия

Аз 18 то 21 уми феврали соли равон, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ силсила чорабиниҳо, бахусус конфронси сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд. 


Тавре Хоҷазода Назари Назрӣ роҳбари Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар Донишгоҳи Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия иброз намуданд,чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ба хотири эҳтирому гиромидошти забони ниёгони худ таввасути равзанаи электронӣ дар бораи забони тоҷикӣ ҳамчун забони муоиширати оммавӣ, решаҳои забони тоҷикӣ, нақши фарҳанги суханварӣ дар забони тоҷикӣ баромад намуда, забони ширадору таърихи бузург доштаи тоҷикиро миёни халқҳои мухталифи олам муарифӣ намуданд. 


Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷавонони худшинос ва ватанпарвар бевосита дар хориҷи кишвар дар ташкили чорабиниҳои миллӣ ва муарифӣ намудани фарҳангу тамаддуни бузурги тоҷикон саҳми арзандаи хешро мегузоранд. 


Дар мисоли ин гуфтаҳо, донишҷӯи бахши «Решаи забонҳо»-и КнАГУ Мустафо Маҳмадалиев бо иштироки фаъолона ва муарифи намудани либосҳои миллӣ дар ин конференсия бозҳам миллати фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ доштаи тоҷикро бори дигар дар як гушаи дурдасти олам муарифӣ намуд. 


Дар кори конфронси сатҳи байналмилалӣ намояндаҳои халқу миллатҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Бангладеш, Россия, Сурия ва Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар раванди чорабинии судбахш иштирокчиён аз фарҳангу тамаддун ва мақому мартабаи забонҳои халқу миллатҳои дигар воқиф гаштанд. 


Бори аввал 17 ноябри соли 1999 Конфронси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО рӯзи 21-уми феврал-ро ҳамчун рӯзи байналмилалии забони модарӣ қабул кард ва барои пешрафти фарҳанги бисёрҷонибаи забондонӣ гуногунрангии он ва баланд бардоштани забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ замина гузошт ва то имрӯз ин рӯз ҳамчун рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Хоҷазода Назари Назрӣ роҳбари Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар Донишгоҳи Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия


28.02.2019 Нет комментариев