734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Перу аз ҳаққи мизбонии ЧҶ-2019 миёни ҷавонон (U-17) маҳрум шуд

Комиссияи Ассостсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) қарор қабул кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз менамояд.


Чемпионат соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд. Вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд. “FIFA қарор қабул кард, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз намояд, он дар Перу намегузарад.

Ташкилоти ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, — омадааст дар гузориши FIFA.Қарор оид ба баргузории чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Он замон дархости Руанда бо сабаби мушкилоти тадорукотӣ рад шуда буд. Тибқи тақвими мусобиқот чемпионат бояд дар муҳлати аз 5 то 27 октябр баргузор шавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби ҷавонони Англия мебошад.Ёдрас менамоем, ки тими ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.


27.02.2019 Нет комментариев