734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Ҷоми ФФТ: даври аввали бозиҳои ниҳоӣ хотима ёфт


Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ хотима ёфт. Мусобиқа дар ду гурӯҳ бо ширкати беҳтарин дастаҳои ҷумҳурӣ то 5 март идома меёбад.
Дар бозии нахустини даври аввали гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ» дар баробари дастаи «Душанбе -83» ба майдон омада, натиҷаи мусовии 2:2 ба даст овард. Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки зимни вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 дар сафи пеш буданд, ғолибиятро аз даст доданд.


Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи нави Лигаи олӣ- «Истаравшан» бар «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.
Дар гурӯҳи «Б» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми ФФТ дар соли гузашта-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо нишондоди 5:3 шикаст дод. Дар ин баробар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳам бар «Гулистон»-и вилояти Суғд бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард.


Имрӯз дар идомаи бозиҳо дастаи «Истаравшан» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Арал» вориди майдон мешаванд.
Ҷоми ФФТ
Даври аввал. Гурӯҳи «А»
«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2
Голҳо: Алтари Шелдори, 39 (0:1). Ҳасан Рустамов, 54 (0:2). Дилшод Расулов, 63 (1:2). Абдул Салам, 88 (2:2).
«Арал» – «Истаравшан» – 0:8
Голҳо: Илҳом Баротов, 15 (0:1). Сантос де Силва Вендер, 24 (0:2). Зиёвуддин Фузайлов, 32 (0:3). Зиёвуддин Фузайлов, 58 (0:4). Бахтовар Зокиров, 72 (0:5). Илҳом Баротов, 80 (0:6). Илҳом Баротов, 83 (0:7). Тулкин Умаров, 87 (0:8).
Гурӯҳи «Б»
«Истикқлол» – «Ҳулбук» – 5:3
Голҳо: Аваз Қамчинов, 13 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (1:1). Шериддин Бобоев, 29 (2:1). Аҳтам Назаров, 37 (3:1). Алишер Ҷалилов, 44 (4:1). Шериддин Бобоев, 53 (5:1). Довуд Шомадов, 68 (5:2). Раҷаб Холмирзоев, 83 (5:3).
«Гулистон» – «Кӯктош» – 1:3
Голҳо: Муҳиддин Одилов, 8 (0:1). Ислом Усманов, 38 –аз пеналти (1:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 58 (1:2). Нодирбек Иброҳимов, 90+3 (1:3).
Даври 2.
Гурӯҳи «А»
26 феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Истаравшан»
14:00 – «Арал» – «Регар-ТадАЗ»
Гурӯҳи «Б»
27 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Гулистон» – «Ҳулбук»
14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»
Даври 3
Гурӯҳи «А»
28 феврал (панҷшанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Арал»
14:00 – «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»
Гурӯҳи «Б»
1 март (ҷумъа)
11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»
14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»


27.02.2019 Нет комментариев