734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


ФУТБОЛ: қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад

Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад.  Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он дар толори меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе», соати 13:30 баргузор мегардад.

Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Тиқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи соҳиби ҷои ҳафтум бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ боқӣ мондан дар бозии гузариш ширкат меварзад.


26.02.2019 Нет комментариев