734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Спорт


Футбол: мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон 6 апрел оғоз меёбад

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 6 апрел оғоз меёбад. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори худро ба тасвиб расонд. Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунад. Инҳо «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида шуда, дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Тибқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастае, ки дар ҷои ҳафтум аст, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ мондан дар бозии гузариш ширкат меварзад. Лигаи миллии […]

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

16-17 феврали соли 2019 дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон (духтарон ва писарон) баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур бо роҳхат 9 даста иборат аз 76 нафар ба таври зерин роҳ дода шуданд: — дастаи “Варзоб”-и н.Варзоб    10 нафар — дастаи “Роғ”-и н.Варзоб  2 нафар — дастаи “Сафедорак”-и н.Варзоб       10 нафар — дастаи “Фароз”-и н.Варзоб      10 нафар — дастаи “Истиқлол”-и н.Варзоб 10 нафар — дастаи “Сафед-дара”-и н.Варзоб 10 нафар — дастаи “Файз”-и н.Варзоб        10 нафар — дастаи “Ҷавонӣ”-и н.Варзоб    9 нафар (8 варзишгар, 1 мураббӣ); — дастаи “Гулрез”-и н.Варзоб 5 нафар Тибқи тартиби баргузорӣ мусобиқа варзишгарон аз рӯи барномаи слаломи махсус (хурд) […]

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Рушди футболи занона дар вилояти Суғд

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус ҷалби бештари бонувону духтарон ба варзиш, рушди намуди варзиши футбол, ҳамзамон татбиқи босамари Барномаи маҳалии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 бахшида ба Рўзи модар дар майдони футболи Муассисаи давлатии варзишии №1-и шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол байни бонувон-духтарони аз 16 сола боло ташкил ва гузаронида шуд.  Тавре аз вилояти Суғд хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов хабар медиҳад дар мусобиқаи мазкур 96 нафар футболбозон дар ҳайати 8 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Гимназияи №24» ва «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11» баргузор гардид. Дақиқаҳои асосии бози бо ҳисоби […]

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар ноҳияи Сино

Марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо доираи васеи варзишгарон баргузор гардид. Дар охир ба ғолибони мусобиқаи мазкур диплому медалҳо аз ҷониби Бахш қадрдонӣ карда шуданд.

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби олимпии ин кишвар барпо менамояд. Олимпичиёни тоҷик таҳти роҳбарии  Усмон Тошев давраи навбатии ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар АМА мегузаронанд. Дар ҷараёни машқҳо рӯзҳои 8 ва 11 март дар шаҳри Дубай бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби олимпии АМА анҷом медиҳанд. Ин яке аз охирин давраҳои омодабош ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё маҳсуб хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекситон аз 22 то 26 март баргузор мегарданд ва дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат меварзанд. Тибқи […]

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 9