734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Спорт


Телевизиони «Тоҷикистон» бо телевизиони «Сафина» мусовӣ

Дирӯз дар гуруҳи «А» ва «В» бозиҳо барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон — 2019», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик роҳандозӣ карда мешавад, баргузор гардиданд. Дирӯз дастаҳои телевизиони «Тоҷикистон» ва телевизиони «Сафина» миёни ҳам рақобат намуда, бозӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ба анҷом расид. Дастаи телевизиони «Синамо» тибқи тақвим бояд бо дастаи радиои «Ватан» вориди рақобат мегардиданд, вале бинобар сабаи иштирок накардани дастаи радиои «Ватан» бозӣ ба фоидаи телевизиони «Синамо» ба анҷом расид. Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқаи мазкур то санаи 11 марти соли 2019 идома ёфта, ғолибон бо Ҷом, дирлом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пирӯзии Шоира ва Баҳодур дар Бишкек

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Шопоков дар Бишкек сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло шуд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медаҳои тиллои мусобиқаро Шоира Зулқайнарова дар вазни 64кг миёни бонувон пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усомнов дар вазни 63кг миёни мардҳо пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов ба даст оварданд. Идимоҳ Холова дар вазни 69кг миёни бонувон дар финал аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, медали нуқра ба гардан овехт. Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг миёни мардҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати 10 […]

25.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОН дар арафаи Рӯзи Артиши миллии ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 феврали соли равон тибқи Нақша — чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , аёдати афсарону сарбозони қисми низомии 0230-и Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Спитамен сурат гирифт. Дар рафти аёдат Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят — Каримов Мирзоқосим ба сарбозони шуҷоъ таъкид намуд, ки қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил карданд. Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, […]

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи мунтахаби бонувони то 19-солаи Тоҷикистон ба Бангладеш меравад

Дастаи мунтахаби бонувони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи«Bangamata U-19 Women’s International Gold Cup 2019»  ба Бангладеш меравад. Ин мусобиқа аз 23 апрел то 3 май дар пойтахти Балгладеш-шаҳри Дакка баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки шаш дастаи мунтахаб  дар назар аст. Футболбозони тоҷик ба ин мусобиқа таҳти роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латифов тайёрӣ мебинанд.

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷадвали баргузории бозиҳои мусобиқаи футболи хӯрд оид ба дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон — 2019”

Ҷадвали баргузории бозиҳои мусобиқаи футболи хӯрд оид ба дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон — 2019”  Санаи 25 феврали соли 2019 Телевизиони Сафина – телевизиони Тоҷикистон – 10:00 Телевизиони Синамо – радиои Ватан – 11:00 Санаи 26 феврали соли 2019 Телевизиони Ҷаҳоннамо – Телевизиони Футбол – 10:00 Телевизиони Варзиш – радиои Тоҷикитон – 11:00 АМИТ “Ховар”- Омӯзгори ҷавон – 12:00 Санаи 27 феврали соли 2019 Телевизиони Тоҷикистон –рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” – 10:00 Радиои Ватан – радиои Имрӯз – 11:00 Санаи 28 феврали соли 2019 Телевизиони Ҷаҳоннамо – радиои Тоҷикистон – 10:00 Телевизиони Футбол- телевизиони Варзиш – 11:00 Омӯзгори ҷавон – Ба қуллаҳои дониш 12:00 Санаи 1 марти соли 2019 Телевизиони Сафина – […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 9