734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Спорт


Чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид

Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар чемпионати мазкур дастаҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилот дар ҳамаи вазнҳои стандартӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Дар мусобиқа 100 нафар варзишгар ширкат варзида, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ба ифтихори Рӯзи Модарон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Модарон аз 3 то 7 марти соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавндухтарони 16 баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Даври аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур дӯстӣ байни варзишгардухтарон, рушди ин навъи варзиш миёни занону бонувон ва муайян намудани дастаи мунтахаби кишвар оид ба футболи […]

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фасли баҳор бо бозиҳои Наврӯзӣ шуруъ мегардад

Дар моҳи марти соли 2019 дар қаламрави кишвар як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию солмгардонӣ ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз санаи 2 то 3 марти соли 2019 мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои варзиши дастхобонӣ дар ноҳияи Шаҳринав, гӯштини тарзи озод дар шаҳри Ҳисор, гӯштини миллӣ дар шаҳри Турсунзода, таеквадо ВТФ дар шаҳри Ҳисор, гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 200- 2005 дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таевкандо байни калонсолон ва ҷавонон (мардон ва бонувон) дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ […]

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни бонувон — ҷавондухтарон бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар»

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, аз 20 то 27 феврали соли ҷорӣ мусобиқаи футбол байни бонувон — ҷавондухтарони аз 16 сола боло бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар варзишгоҳи МД Мактаби варзишии №1, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Дар мусобиқа ба гирифтани ҷои 1-ум дастаи ноҳияи Мастчоҳ сазовор гардида, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ роҳхат ба даст овард.Ҳамчунин, бо гирифтани ҷои 2-юм дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷои 3-юм дастаи шаҳри Конибодом сазовор гардида, ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раёсат сарфароз гардонида шуданд.

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғалабаи Тоҷикистон, муборак бошад!

Имрӯз дар гуруҳи “А”  рақобатҳо миёни дастаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”  баргузор гардид. Бозии ҷолибро дастаҳо нишон дода, дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо задани ду гол ба дарвозаи ҳарифи хеш ғолибият ба даст овардааст. Дар гурӯҳи “А” дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо як пирӯзӣ ва як бозии  мусовӣ сарднишин гурӯҳ мебошад.  Дастаи  рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бозии аввали худ ба дарвозаи ҳариф як гол зада, як  бозии дигар ӯро интизор аст. Дар гуруҳи “В” бозиҳо миёни дастаҳои радиои “Ватан” ва радиои “Имрӯз” бояд сурат мегирифт, вале бинобар сабаби иштирок накардани дастаи радиои “Ватан” натиҷа бо гирифтани 0:5 хол ба нафъи радиои “Имрӯз” ҷамъбаст гардид. Рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 9