734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Президент


Открытие среднего общеобразовательного учреждения №99 в городе Душанбе

Сегодня при участии Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона и Председателя города Душанбе Рустами Эмомали по улице Борбада района Сино столицы сдано в эксплуатацию среднее общеобразовательное учреждение №99. Образовательное учреждение рассчитано на 1260 учеников. Общая сметная стоимость строительства среднего общеобразовательного учреждения №99 составляет свыше 14 млн сомони. Заказчиком объекта является Государственное учреждение «Центр реализации строительных проектов и оснащения школ», строительные работы проводились обществом с ограниченной ответственностью «Ниагара-А». В учреждении с учётом современных требований созданы все условия для обучения. Учащиеся могут в предметных классах по химии, физике и биологии с лабораториями, классах трудового воспитания для мальчиков и девочек освоить точные науки и различные […]

20.03.2019 Нет комментариев Читать далее>

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид. Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода — директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд. Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок карданд. Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид. […]

25.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

23.02.2019, шаҳри Душанбе Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат мардуми сарбаланди мамлакат, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо-ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегӯям. Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ […]

25.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат оид ба таърихи 26 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон […]

25.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 12