734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон

Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2014, №760 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд).

Конспесияи миллии СДҶ


Стратегияи  сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020.

Стратегия то 2020


Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018.

Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон 2016-2018


Низомнома дар бораи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Низомномаи шурои миллии кор бо човонон


Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои  олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд.

Чоизаи Исмоили Сомони


Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

Низомномаи стипендияи Президенти


Низомномаи стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни фаъол ва болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.

Низомномаи стипендияи Кумита


Низомномаи грантҳои Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи втанпарастии ҷавонон.

Низомномаи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ


 

Ҷавонон

18.04.2019 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти кор бо ҷавонон ба имзо расид

Дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд. Созишнома аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавоно ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозоа Аҳтам Рустам ва директори Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович ба имзо расонида шуд. Зимни баргузории созишнома Александр Вячеславович иброз доштанд, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоидро […]

18.04.2019 Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд. Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд. Дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла: – Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ; – Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия; – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия; – Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Нижегородск (Федератсияи Россия) дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ; – Ёддошти тафоҳум […]

18.04.2019 Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

17.04.2019 Гулчанбаргузорӣ дар оромгоҳи “Сарбози номаълум” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 17.04.2019

17 апрел рӯзи дуюми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи сарбози номаълум оғоз ёфт. Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд. Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар роҳи озодӣ қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Федератсияи […]

17.04.2019 Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев 16.04.2019

16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ […]

Варзиш

19.04.2019 Чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт.

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 313 чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонию мусобиқаҳои гуногун доир карда мешавад. Ин иқдом дар шаҳри Душанбе бо баргузории 43 чорабиниҳо, дар вилояти Хатлон 109 чорабиниҳо, дар вилояти Суғд 84 чорабиниҳо, дар ВМКБ 29 чорабиниҳо ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48 чорабиниҳои варзишӣ бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва сокинони маҳаллӣ доир карда мешаванд.

08.04.2019 Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия сазовори медали биринҷӣ шуд..

Мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Gran Prix Antalya 2019” 5-7 апрел баргузор шуд. Комроншоҳ дар вазни -90кг дар рӯзи сеюми мусобиқа гуштин гирифт. Ӯ дар дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Молдова Лурио Мокану, дар даври сеюм бар намояндаи Эстония Клен Кристофер Калҷулайд ғалаба карда, дар даври чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Автандилӣ Тчирикишвилӣ шикаст хурд. Комроншоҳ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Белорус Йаҳор Варапайеу ва дар қувваомзмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Исроил Итай Голан дастболо гардида, медали биринҷиро ба гардан овехт. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия соли 2018 медали тилло ва соли 2017 медали нуқра ба даст оварда буд. 4 варзишгари […]

08.04.2019 Ғолибияти футболбозони тоҷик бо ҳисоби калон.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иборат аз бозингарони то 15-сола мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019”-ро дар Чин бо ғалаба оғоз кард. Дар бозии аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб заданд. Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба номашон хет-трик сабт карданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дигар дастаи наврасони Чин бар Мйанма бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин тими мунтахаби наврасони мо боз ду бозӣ анҷом медиҳанд – 8 апрел бо дастаи наврасони Мйанма, 10 апрел бо наврасони Чин.

04.04.2019 Пешниҳоди Тоҷикистон дар баррасии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.

Санаи 4-5 апрели соли 2019 дар шаҳри Чолпон – Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон лоиҳаи “Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар сатҳи муовинони роҳбарони мақомоти ваколатдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур, роҳбарияти мақомотҳои  дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ маҳз барои баррасии он, санаи 4-5 парели соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон- Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ меоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур, роҳбарияти мақомоти ваколатдори соҳа, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ намояндагӣ менамояд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Созишномаи мазкур […]

29.03.2019 ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲАИ ДАЛЁНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ.

29-уми марти соли 2019 дар деҳаи Далёни ҷамоати деҳоти Далёни Боло раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҳамроҳии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ майдончаи варзишии замонавӣ муҷҷаҳаз бо тамоми шароити замони муосирро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдони варзишии мазкур бо 200 ҷойи нишаст, дар масоҳати 946 метри мурабба бо маблағи умумии 500000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи ҳашар бунёд намудани иншоот ва биноҳои таъиноти гуногун ба ҳукми анъана мубаддал гардидааст. Боиси хушнудист, ки […]

Данная рубрика не содержит информаций