73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Сайёҳӣ

Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷљикистон дар давраи солҳои 2009-2019

консепсия


Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозаномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ


 

Ҷавонон

20.02.2017 Давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанги динӣ

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Ҳувияти миллӣ ва давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ» семинар – машварат баргузор шуд. Дар кори семинар зиёда аз 50 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Давлат Суфизода – мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 табрику таҳният гуфт. Қайд намуд, ки КҶВС бо мақсади рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ҷавон дар роҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатию арзишҳои волои […]

20.02.2017 Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокини пойтахт!

Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 18 феврал дар шаҳраки 46-и пойтахт бо иштироки бошандагони хобгоҳҳои донишҷӯён ҳашари тозагии маҳал гузаронида шуд. Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, бахшида ба “Соли ҷавонон”, ба хотири ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати эълон намудани 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!” ва Аксияи ҷумҳуриявии 75 рӯзи […]

18.02.2017 Ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холи дар Соли ҷавонон

17 феврали соли ҷорӣ дар КВД “Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар доираи нақша чорабиниҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холиро барои корҷӯён ташкил ва баргузор намуд.   Дар ярмаркаи мазкур 80 муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷуён 2127 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда […]

18.02.2017 Муроҷиатномаи варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии навбатӣ дар рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Душанбе

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат,  Боиси ифтихор ва толеи баланди мо варзишгарон ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзишдар меҳвари сиёсати дурандешона ва ҷавонпарваронаи Шумо қарор дошта, эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон» нишонаи олии ин гуфтаҳост. Раванди ғамхории шабонарӯзии Шумо дар таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвар, баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар ҷомеаи созандаи Тоҷикистон, кони бузурги маънӣ ва хирадест, ки Шумо муҳтарам Пешвои миллат барои насли пуриқболу ояндасози кишвари азизамон ҷавонону варзишгарон, эҳдо намудед.  Зеро ҳар як сухан ва қадами мубораки Шумо ба гушаҳои гуногуни кишвар, ба дилҳо нур, ба қалбҳо сурур, ба ҷон […]

16.02.2017 Хуҷанд: Ҷавонон дар маҳаллаҳо боз ҳам фаъолтар мешаванд

Бо мақсади татбиқи босамари фаъолият дар самти кор бо ҷавонони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд барои муовинони раиси кумитаи маҳаллҳо оиди кор бо ҷавонон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар мудири бахш Бахтиёр Исматҷонов бобати нақша-чорабиниҳои пешбинигаштаи мақомоти маҳаллӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” маълумот дода таъкид намуд,ки амалишавии тамоми нақшаҳои тасдиқгардида аз масъулияту ташаббускории масъулини кор бо ҷавнони маҳаллаҳои шаҳр вобаста аст. Дар замина кормандони масъули бахш Дилшод Убайдуллоев, Абдувосит Ғафуров ва ҷавони фаъол Исматҷон Болтуев доири амалӣ гаштани кору тадбирҳои мушаххас таҳкими фаъолияти маҳфилҳои ҷавонон дар маҳалла, тарзи дурусти коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ барои масъулони кор […]

Варзиш

19.02.2017 Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ дар Саппоро оғоз гардид..

Имрӯз, 19 феврал дар варзишгоҳи “ Саппоро Доум” – и Ҷопон маросими расмии ифтитоҳи VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  Аҳмад ал – Фаҳд ал – Сабоҳ Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито шоҳзодаи валиаҳди  Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд. Дар Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Ин шумора  дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба 843 варзишгар ва 26 дастаро ташкил медод. Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо […]

18.02.2017 Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ парафрофта шуд.  .

  17 феврали соли ҷорӣ дар деҳаи олимпии шаҳри Соппорои Ҷопон маросими парафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросими мазкур роҳбарияти деҳаи олимпӣ, ҳайати дастаҳои мутахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қатар ва Ҷумҳурии демократии Тимор ширкат намуданд. Эмми Ватанабе раиси деҳаи олимпӣ нахуст ба сухан баромада, варзишгаронро хайрамақдам намуда, барои ҳар яки онҳо мувафаққият таманно намуд. Сипас, суруди миллии ҳар се кишвар бо навбат садо дода, парчамҳои давлатӣ парафрохта шуд. Дар охир маросими туҳфасупории хотиравӣ ҳайатҳо доир карда шуд. Боиси зикр аст, ки аз 19 то 26 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешавад, ки дар он варзишагарон аз 29 давлати […]

18.02.2017 «Шанбе–рӯзи варзиш ва солимгардонӣ».

Тавре иттилоъ дода будем 18 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони «Шанбе–рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» баргузор карда шуд. Чорабиниҳои мазкур дар ҳамаи иншоотҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе, новбаста аз ваъзи боду ҳаво, доир гардид. Бояд қайд намуд, ки чорабиниҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он дар байни сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

18.02.2017 Муроҷиатномаи варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии навбатӣ дар рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Душанбе.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат,  Боиси ифтихор ва толеи баланди мо варзишгарон ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзишдар меҳвари сиёсати дурандешона ва ҷавонпарваронаи Шумо қарор дошта, эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон» нишонаи олии ин гуфтаҳост. Раванди ғамхории шабонарӯзии Шумо дар таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвар, баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар ҷомеаи созандаи Тоҷикистон, кони бузурги маънӣ ва хирадест, ки Шумо муҳтарам Пешвои миллат барои насли пуриқболу ояндасози кишвари азизамон ҷавонону варзишгарон, эҳдо намудед.  Зеро ҳар як сухан ва қадами мубораки Шумо ба гушаҳои гуногуни кишвар, ба дилҳо нур, ба қалбҳо сурур, ба ҷон […]

17.02.2017 Анонс: Ҳамовозии варзишгарону ҷавонони пойтахт аз дастгириҳои навбатии Пешвои миллат.

Пагоҳ, 18 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони «Шанбе–рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» баргузор карда мешавад. Чорабиниҳои мазкур дар ҳамаи иншоотҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки ҷадвали он дар поён оварда шудааст, доир карда мешавад.  Бояд қайд намуд, ки чорабиниҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он дар байни сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.     ҶАДВАЛИ Баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ […]

Сайёҳӣ

13.02.2017 Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ёфт… Рустами Эмомалӣ – раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо

  Бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас, баргузории ҳамасолаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи ҷаҳонӣ (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) тасдиқ гардид. Дар ин замина, бо мақсади дар сатҳи баланди касбию ташкилӣ баргузор шудани чорабинии мазкур, зери роҳбарии Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Кумитаи тадорукот ташкил карда шуда, Консепсия, нақшаи омодагӣ, тартиби баргузории мусобиқаҳо ва фестивали […]

11.01.2017 Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016

Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016

28.12.2016 Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ва варзишгарон дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара»

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос карданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз […]

28.12.2016 Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуданд. Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат […]

16.12.2016 Фаввораҳои Душанбе мисли фаввораҳои Барселона аст

Елена Прус аз хурдӣ саёҳатро дӯст медорад ва то ҳол ба чанд давлати ҷаҳон сафар намудааст. Ӯ шаҳрванди кишвари бо мо дӯсти Белорус мебошад. Елена дар Агентии миллии иттилоотии Белорус “БелТА” ба ҳайси хабарнигор кор мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ ва Фестевали мероси Роҳи Абрешим “Рангоранг” бо як гурӯҳ рӯзноманигорони ИДМ ба Тоҷикистон омада, аз сарзамини биҳиштосои мо дидан намуд. Елена пас аз он ки ба кишвари худ баргашт, таассуроташро чунин иброз дошт: “Дар даврони донишҷӯӣ, ки он замон мо ҳама шаҳрвандони як давлат будем (Иттиҳоди Шӯравӣ), оид ба Тоҷикистон камтар маълумот доштам. Он ҳам бошад, фақат дар бораи қаторкӯҳҳои Помир буду халос. Пеш […]