734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ

Ҷавонон

14.11.2019 Хабаровск: лоиҳаҳои донишҷӯёни тоҷик дастгирӣ ёфтанд

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ бо мақсади иштирок дар як қатор чорабиниҳо дар минтақаи Хабаровскии Федератсияи Россия қарор доранд. Дирӯз комиссияи баррасии лоиҳаҳои инноватсионии бизнес – инкубатори минтақа бо иштироки коршиносони соҳаи Федератсияи Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Донишгоҳи давлатии Шарқи дури Федератсияи Россия иқдоми мазкур баррасӣ гардида, тибқи барномаи дастгиригардида аз тарафи Росмолодеж дар он лоиҳаҳои инноватсионии 10 нафар донишҷӯёни фаъоли тоҷики низ, ки дар ин минтақа таҳсилдошта аз ҷониби комиссияи ваколатдор баҳои баланд гирифта, муддати 10 рӯзи минбаъда ҷиҳати омодагӣ барои татбиқи лоиҳаҳо онҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Мавриди зикр аст, ки […]

14.11.2019 Ҳамоиш дар Душанбе: Ба Пешвои миллат содиқем!!!

Пагоҳ, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияҳои Президентӣ таҳти унвони “Ба Пешвои миллат содиқем” баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон соати 14:00 доир гардида, дар  кори он гирандагони стипендияҳои Президентӣ аз тамоми қаламрави кишвар иштирок менамоянд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳавасманднамоии насли ҷавони кишвар ба илмомӯзӣ таъсис дода шуда, маблағи стипендияи мазкур аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба ҳар як гирандаи стипендия тақдим карда мешавад.

14.11.2019 Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Сангвори минтақаи Рашт семинари омӯзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ доир карда мешавад.   Иқдоми мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ карда шуда, ба иштирокчиёни семинар роҳҳои густариши ҳунармандӣ, ташаккули механизми омода намудани анъанаҳои мардумӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди навъҳои гуногуни мероси мардумӣ дар кишвар омӯзонида мешаванд.

13.11.2019 Тақвияти фаъолияти маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар минтақаи Хабаровскийи Федератсияи Россия

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Шарқи  дур дар минтақаи Хабаровскийи Федератсияи Россия муовини озоди раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умедҷон бо ректори донишгоҳи мазкур  Давидов  Юрий Анатолиевич мулоқот намуданд. Зимни мулоқот  масъалаи татбиқи механизми фаъолияти кори маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баррасӣ гардида, ректори донишгоҳ иқдоми амалишавии фаъолияти маҳфилро дар ин донишгоҳи бонӯфузи минтақа муҳим арзёбӣ намуданд. Ёдовар карда шуд, ки маҳфил метавонд барои муттаҳиднамоии ҷавонони Тоҷикистон дар ин минтақа, баргузории чорабиниҳои муштарак, муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ин сарзамин заминагузорӣ намояд. Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии Шарқи дур барои таҳсилоти муносиби ҷавонони Тоҷикистон тамоми имкониятро фароҳам оварда, дар баробари ин донишҷӯёни тоҷик бо донишу маҳорати баланд, ташаббусҳои наҷиб ва иқдомҳои […]

13.11.2019 Табодули таҷриба ва омӯзиши масъалаҳои ҳамгироии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Аз 23 – то 25 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус барномаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи кор бо ҷавонон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида истодааст, ки дар кори он 5 нафар кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, масъалаҳои мубрами муҳими татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавононро бо роҳу усулҳои навин меомӯзанд. Мавриди зикр аст, ки курси такмили ихтисос таҳти унвони “Ташкили кор бо ҷавонон дар доираи ИДМ” аз ҷониби Муассисаи давлатии федералии буҷавии таҳсилоти олии “МИРЕА – Донишгоҳи технологии Россия” доир гардида, дар охир иштирокдорони курс бо сертификат сарфароз гардонида мешавад. Дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Варзиш

14.11.2019 316 чорабинии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 302 чорабинии варзиширо доир менамояд. Иқдоми мазкур бо мақсади оммавияти варзиш, тарғиби тарғи ҳаёти солим ва пеш аз ҳама ҷонибдорӣ ва пайрави аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа ва дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо доираи васеи варзишгарону алоқамандони варзиш доир карда мешавад. Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи навъҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, гӯштини миллӣ, тарзи озод, юнону румӣ, дзюдо, таэквандо, […]

12.11.2019 Дар моҳи ноябр рақобатҳои ҷолиб дар сафар доир мегарданд.

14 ноябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Мянма қувва месанҷад.  Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19  ноябр, соати 19:00, бо вақти Душанбе дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои  мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст. Дастаи мунтахаби Япония  ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар […]

12.11.2019 22 медал варзишгарони тоҷик аз Бухоро ба хизинаи варзиши тоҷик ворид гардид.

9-10 ноябри соли 2019, дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи кушоди Вилояти Бухоро оид ба таеквондо (ИТФ) баргузор гардид.   Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қиргизстон ва Озарбойҷон иштирок намуда, барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.   Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати оқилона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик имкон фароҳам омадааст, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ намоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати калон, аз ҷумла варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, мураббиёну доварон ба хотири баланд бардоштани маҳорат ва андухтани таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба […]

04.11.2019 Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 25 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳои худро ба тасвиб расонид, ки аз силсила чорабиниҳои гуногуни маърифати фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва мусобиқаю чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Дар ин замина аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаааст, ки бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар доир карда мешаванд. Мусобиқаҳои мазкур, алакай оғоз гардида, дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ ҷараёни баргузории марҳилаи аввал ва дуюми он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилотҳову минтақаҳои кишвар бомаром идома доранд. Баргузории мусобиқаҳои мазкур […]

01.11.2019 Омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон.

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2019 -2020 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо фаъолияти кории муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон ба 25 шаҳру ноҳияи вилоят сафар намуданд.   Гӯруҳи кории Кумита зимни шиносоӣ аз муассисаҳои варзишии вилоят бо ваъзи омодагии муассисаҳои варзишӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ аз наздик ошно гардида, бо раванди машқу тамринҳо ва баргузории марҳилаҳои шаҳриву ноҳиявии мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардида, ваъзияти омодагӣ ба мавсими ҳимистонгузарониро дар ин вилоят хуб арзёбӣ намуданд.   […]

Данная рубрика не содержит информаций