73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент

Ҷавонон

25.05.2018 Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо волонтёрон

Имрӯз дар дораи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар  Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, шаҳри Душанбе ва волонтёрони ташкилотҳои системаи ҷавонон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории мулоқот ин ҷоннок намудани фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили чорабиниҳои илмию – маърифатӣ, аксияҳои иттиллоотӣ вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз бемориҳои ВНМО/ БПМН, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташкили чорабиниҳои оммавию варзишӣ ба шумор меравад. “Фаъолияти волонтёрӣ фаъолиятест, ки ҳазорсолаҳо дар миёни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дорад ва падарону […]

25.05.2018  Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!

Дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати оммавигардонии варзиш, ҷалби кормандони вазорату идораҳо ба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим пагоҳ санаи 26 майи соли 2018 дар тамоми боғҳои фарҳангӣ – фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.

25.05.2018 Кӯлоб: Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳангӣ миллӣ

     Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ -назарявӣ дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳангӣ миллӣ” дар доираи эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.      Дар кори конфронс занону бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ иштирок намуданд.     Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббусу иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем аз арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатдорӣ ва арзишҳои неки ниёгонамон […]

25.05.2018 ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҒАМХОРИ МО ҶАВОНОН!

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” санаи 22 майи соли 2018 аз тарафи намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дидорбинӣ ва аҳволпурсии ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл, ҷавонони бемор ва ҷавонони камбизоат ба аёдат рафтанд. Аёдати ин қишри ҷомеа дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз иқдомоти арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар партави сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ҷавонон аз иқдомҳои наҷиби онҳо пайравӣ менамоянд. Дар доираи ин дидорбинӣ намояндагони Раёсат аз ҳолу аҳволи қишри ҷомеа огоҳ гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаина ва […]

24.05.2018 Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Шоми 23 май дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” бо ширкати ҳазорҳо нафар ҷавонони вилояти Суғд чорабинии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо раҳпайпоии ҷавонони саодатманд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” оғоз ёфт. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли равон дар пойтахти кишвари азизамон […]

Варзиш

25.05.2018  Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!.

Дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати оммавигардонии варзиш, ҷалби кормандони вазорату идораҳо ба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим пагоҳ санаи 26 майи соли 2018 дар тамоми боғҳои фарҳангӣ – фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.

25.05.2018 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 464 мусобиқаҳои варзишӣ бо фарогирии 61346 нафар.

Бо  мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикисон 23 – май»  санаи 23 майи соли ҷорӣ дар саросари кишвар зиёда аз 464 мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ бо фарогирии 61346 нафар, аз ҷумла 11451 нафар бонувон доир гардиданд. Тибқи  маълумотҳо аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида дар ВМКБ 19 мусобиқаҳо бо иштироки 1491 нафар аз ҷумла 359 бонувон, дар вилояти Суғд 231 чорабиниҳо бо иштироки 19260 нафар аз ҷумла 5930 бонувон, дар вилояти Хатлон 93 чорабиниҳо бо иштироки 6558 нафар аз ҷумла 1150 нафар бонувон, шаҳру […]

25.05.2018 Варзишгарон қадрдонӣ гардиданд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон як қатор варзишгарон, мураббиён ва кормандони фаъоли тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзишро бо унвонҳои фахрии «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Устоди  дараҷаи  байналмилаӣ» сарфароз гардонид.       Рӯйхати мураббиёне, ки ба унвони фахрии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудаанд.     № Ному насаб Намуди  варзиш Муассиса 1. Муҳсин Муҳамадиев Футбол Федератсияи футболи Тољикистон 2. Тухтаев Алишер Футбол Федератсияи футболи Тољикистон 3. Бозорбоев Рустам Волейбол ММВЗО№5 оид […]

21.05.2018 Хатлон:185 ҳазору 757 нафар дар дави миллӣ ва 2543 нафар дар велосипедронӣ.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, рўзи 20 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Рӯзи дави миллӣ бо иштироки васеъи сокинони касбу кори гуногун аз ҷумла, аҳолӣ кӯдакону наврасон, ҷавонон, занон ва пиронсолон баргузор гардид. Дар маркази вилоят дар ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ беш аз 11 ҳазору 870 нафар ва аз ин шумора 3 ҳазору 200 нафар бонувону духтарон иштирок намудан. Дар умум дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 185 ҳазору 757 нафар сокинон иштирок намудаанд, ки аз ин шумора 46 ҳазору 8 нафарро бонувону духтарон, 129 ҳазору 872 […]

21.05.2018 Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавони  ҷавони   тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми  дзюдои Аврупо миёни ҷавонон, ки 19-20 май дар шаҳри Ла-Коруня Испания доир  гардид, медали биринҷӣ ба даст овард. Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни  73 киллограм  дар марҳилаи аввал нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари Исроил Дин Яааков Гемер шикаст хӯрд. Варзишгари тоҷик муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод. Дар Ҷоми дзюдои   Аврупо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлати дунё  ширкат  намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Россия бо 8 медали […]

Сайёҳӣ

Данная рубрика не содержит информаций