734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент

Ҷавонон

12.10.2018 Озмуни иншои беҳтарин дар ВМКБ ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон Ватани азизи ман!” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ, литсею гимназияҳо доир карда шуд. Дар озмун зиёда аз 30 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ иштирок намуда, бо навиштани беҳтарин тахаюлотҳои эҷодӣ миёни ҳам рақобат намуда, се нафар бо гирифтани ҷои ифтихорӣ сазовор дониста шуд. Ҳамин тариқ, бо навиштани беҳтарин иншо бо образҳои бадеию офаридаҳои рангини эҷодӣ Азорбекова Адолат хонандаи синфи 9 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 сазовори ҷои аввал […]

01.10.2018 Пешвои миллат ва нақши ман дар пайравӣ аз ӯ

Субҳи имрӯз гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту вохуриҳои  судмандро бо ҷавонону наврасон, аҳли ҷамоатчигӣ ва варзишагрони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оғоз намуданд. Нахуст, суҳбату мулоқотҳои судманд бо муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна, кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ,  варзишгарон, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ оғоз гардида, дар давоми рӯз масъулини Кумита чорабиниҳои гуногунро дар шаҳр доир намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки баргузории чунин мулоқоту вохуриҳо дар ҳудуди вилоят 10 идома ёфта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои он бо доираи васеи сокинон […]

21.09.2018 Муаррифии имконоти ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони СҲШ

Дар рӯзи дуюми Конфронси роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ, 21 сентябр, ки дар шаҳри Хабаровскии Федератсияи Руссия баргузор гашта истодааст, намояндагони кишвари мо низ дар баробари 10 давлати иштирокчӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев, дар мавзуи “Фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар байни ҷавонон, робитаи ҳамкорӣ бо ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ”, Маҳмадализода Абдулло, оиди лоиҳаи “Як роҳ ва як маром дар кишварҳои СҲШ ва ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо” ва Маҳинбону Шарипова бо лоиҳаи “Меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳои Тоҷикистон” маърӯза карданд. Масъулин зимни баромадҳои хеш аз имконоту шароит ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ […]

20.09.2018 II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ

20 сентябр дар шаҳри Хабаровскии Федератсияи Русия II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ расман ба кори худ оғоз намуд. Дар он намояндагони ҷавон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Русия иштирок доранд. Дар маросими ифтитоҳӣ қатори дигар меҳмонон губернатори шаҳри Хабаровски Вячеслав Иванович Шпорт ва Александр Александрович Карелин, қаҳрамони секаратаи олимпӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Пас аз қисмати ифтитоҳӣ дар самти самаранокӣ ва имконияти иштироки ҷавонон дар кори институти ШОС маърӯзаҳо хонда шуд, ки роҳбари гурӯҳи ҷавонон аз Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадалиев низ қатори роҳбарони ҷавони дигар давлатҳои иштирокчӣ баромад намуда, имконият, шароит ва дастгириҳои давлатиро дар самти ташкилотҳои […]

20.09.2018 Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!

Дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 17 то 21 сентябри соли 2018 дар осоишгоҳи  ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд лагери омӯзишӣ  таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардида истодааст. Дар лагери омӯзишӣ ҷавонони фаъол аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе,  ихтиёриёни фаъол ва рӯзноманигорону адибони ҷавон иштирок намуданд. Барномаи лагер аз баргузории чорабиниҳои гуногуни эҷодию омӯзишӣ, маърифатию фарҳангӣ, семинару тренингҳо, сайёҳату машваратҳо ва бозиҳои гуногуни илмию […]

Варзиш

16.10.2018 Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2018.

Аз 17 то 21 октябр дар шаҳри Нассауи ҷазираҳои Баҳама Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир мегардад. Дар мусобиқа иштироки 489 варзишгар (278 мард, 211 зан) аз 79 кишвари дунё дар назар аст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 3 нафар варзишгар: Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг иштирок мекунанд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегарданд.

12.10.2018 Ғолибони VI Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо.

Шоми 5 октябр VI Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо анҷом ёфт. Мусобиқаи мазкур, ки аз 2 октябр шурӯъ гардида давоми се рӯз идома ёфта, дар он 248 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз рӯи 7 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош карданд. Ба ғолибон медал, диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ҷоми мусобиқа тақдим карда шуд. Барои ҷои дуюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ тақдим гардид. Ғолибони VI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон: Вазни -60кг 1. Достон Рӯзиев (Узбекистон) 2. Фаррух Ҳалимов […]

11.10.2018 Истиқболи ҳазорон нафар мухлисони футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.

Пас аз истиқболи гаруми самимӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон (U 16 )  чун рамзи эҳтиром  садоқат ба таърихи дирӯзу имрӯзи кишвар  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар назди аввалин поягузори давлати миллии тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ  гулчанбар гузошта, сари таъзим фуруд оварданд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ тими мунтахаби Тоҷикистон миёни наврасонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ҳамроҳӣ намуданд. Тими наврасони Тоҷикистон таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ машқу тамринҳои хуро бо иштироки мураббиёну масъулони соҳибтаҷрибаи кишвар ва мутахассисони баландихтисос аз хориҷӣ кишвар дар беҳтарин шароити […]

11.10.2018 Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷасаммаи шоҳ Исмоили Сомонӣ.

Пас аз истиқболи гаруми самимӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон (U 16 )  чун рамзи эҳтиром  садоқат ба таърихи дирӯзу имрӯзи кишвар  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар назди аввалин поягузори давлати миллии тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ  гулчанбар гузошта, сари таъзим фуруд оварданд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ тими мунтахаби Тоҷикистон миёни наврасонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ҳамроҳӣ намуданд. Тими наврасони Тоҷикистон таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ машқу тамринҳои хуро бо иштироки мураббиёну масъулони соҳибтаҷрибаи кишвар ва мутахассисони баландихтисос аз хориҷӣ кишвар дар беҳтарин шароити […]

11.10.2018 Маросими истиқболи тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе.

Дирӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) аз кишвар Малайзия тавассути хатсайри Алмаато – Душанбе ба Ватан баргашт. Дар маросими истиқболи тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон (U 16) раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ҳазорон нафар мухлисону ҳаводорону ашадии футбол иштирок ва суханронӣ намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) дар чемпионати Осиё 2018 бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ мақоми дуввум ва соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шикаст додани дастаҳои пурқудрати Осиё ба даври […]

Данная рубрика не содержит информаций