734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Паёмхо

Ҷавонон

21.01.2019 Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҷавонон

Имрӯз дар доираи Нақша чорабиниҳои Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Гимназияи № 53 ба номи М.Муҳаббатоваи шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоти судманд доир карда шуд. Зимнан, бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Маҳфили мазкур силсила вохӯриҳо вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат дар муассисаҳои миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе идома доранд.

18.01.2019 Тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон

Дар  асоси нақшаи чорабиниҳо ва ҳамкориҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва бо хотири пешгирӣ  намудани ҳуқуқвайронкунии миёни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейди муштарак доир карда шуд.    Дар чорабинии мазкур масъулин аз Марказҳои бозиҳои компютерӣ ва дилхушии ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе боздид намуда, бо роҳбарияти марказҳои номбурда ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ  ва роҳ надодани ноболиғон ба ин марказҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Илова ба ин чанд нафар наврасону ҷавонони дастгиршуда ва волидайни онҳо барои дубора […]

18.01.2019 Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон санаи 24 январи соли 2018 дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавонро таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” доир менамояд. Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон соли дуввум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо доираи васеи ҳизбиёни ҷавон доир карда мешавад. Имсол ҳамоиши дуюми ҳизбиёни ҷавон дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз тамоми қаламрави кишвар доир карда шуда, масъалаҳои марбут ба соҳаи кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар кори ҳамоиш вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу […]

18.01.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ байни наврасон оғоз мегардад

   Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи амалисозии нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаи байналмиллалӣ барои соли 2019, баргузории  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб аз санаи 19 то 20 январи соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.    Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад ва дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони навраси ҷумҳурӣ , ки аз рӯи ин риштаи варзиш машқу тамрин менамоянд ва дигар дӯстдорони ин риштаи варзиш […]

17.01.2019 Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки вобаста ба вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷомеа, роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам ва таҳлили вазъи имрӯза дар сатҳи ҷумҳурӣ мизи мудавварро дар мавзӯи “Омӯзиши  масъалаи ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намояд.    Дар ҷорабини мазкур намояндагон аз  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои уламо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муовинони ректорҳо, мудирони шуъбаҳои ҷавонон ва занони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар рафти чорабинии мазкур иштирок ва ибрози ақида менамоянд.    Қайд кардан […]

Варзиш

21.01.2019 Волейбол: Муборизаи 16 даста миёни ҳам.

Дар ноҳияи Нуробод аз санаи 18 то 20 январи соли 2019 бо мақсади рушди соҳаи волейбол ва  дарёфти беҳтарин чеҳраҳои варзишӣ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ бо иштироки 16 даста аз ҳисоби  варзишгарони ҷавон 7 ҷамоати деҳоти ноҳия  баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастаҳо барои дарёфти мақоми ифтихорӣ ва роҳхат пайдо намудан ба мусобиқаҳои минтақавӣ миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа дастаи  ҷамоати Муҷихарф ҷои аввал, ҷои дуюм ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ва ҷои сеюм насиби дастаи ҷамоати деҳоти Комсомолобод гардид. Дар ин мусобиқа 160 нафар варзишгарон ширкат варзида, баргузории мусобиқаро  зиёда аз 1700 нафар мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш тамошо намуданд.  Дар охир, ба ғолибон Ҷом, медал ва диплом аз ҷониби […]

21.01.2019 Пирӯзии тими олимпии Тоҷикистон бар Қатар.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро низ дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бо ғалаба анҷом дод. Шогирдони Усмон Тошев ин бор бар дастаи мизбон – Қатар пирӯз гардиданд – 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 37-ум Шарафҷон Солеҳов зад. Ҳар ду даста бо ҳайати кам бозӣ карданд. Дар дақиқаи 61-уми дидор барои рафтори ғайриварзишӣ капитани дастаи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари дастаи Қатар Илёс Аҳмад Алӣ барои зарба ба ҳариф аз майдон ронда шуданд. Дар бозии дигари мусобиқаи “Чор миллат” мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Кувайт 5 голи беҷавоб зад. Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев андешаҳояшро баъд аз бозӣ чунин баён кард: […]

21.01.2019 Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2019.

Бо қарор Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018, № 4.1 Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиќаҳои байналмилалӣ барои соли 2019 тасдиқ гардид. Дар тақвими ягона чорабиниҳое, ки дар соли 2019 дар сатҳи маҳал, ноҳия, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ доир мегарданд ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи тартиби муқараргардида барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар кишвар мусоидат менамояд. Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ аз се фасл иборат буда, дар фасли аввал чорабиниҳои оммавию варзишӣ аз рӯи намудҳои миллӣ, ки он аз 5 зербанд намудҳои миллӣ, олимпӣ, ғайриолимпӣ, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯён ва мусобиқаҳои сатҳи […]

21.01.2019 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар «Ҷоми рушд-2019» бо дастаи Беларус бозӣ анҷом дод.

Шоми дирӯз  дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019»  оғоз гардид. Дар он дастаи   мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол  иштирок дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  мавзӯъро   шарҳ медиҳад. Дар бозии аввал дар гурӯҳи «А» шогирдони Зайниддин Раҳимов аз дастаи мизбон – Беларус  бо ҳисоби 5: 0  мағлуб шуд. Ёдовар мешавем, ки  дар даври дуюм, 22 январ, дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Белгия рақобат мекунад. Дар бозии дигари даври аввал дастаи  мунтахаби  наврасони   Белгия   бар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Финландия бо ҳисоби  1:0 пирӯз шуд.  Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар се гурӯҳ […]

17.01.2019 Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз миёни ҷавонон ва наврасон.

Дар таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии маҳорати олии варзишӣ оид ба намуди теннис мусобиқаи дохили мактабӣ ва мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба намуди теннис миёни наврасон ва ҷавонон  баргузор гардид. Дар мусобиқа дастпаваронаи муассиса,  варзишгарони наврасу ҷавон аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ барои ба даст овардани ғолибият миёни писарон 32 нафар миёни ҳам рақобат намуда, ғолибон бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар гурӯҳи духтарон бошад  36  нафар барои ба даст овардани ғолибият миёни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ барои дарёфти беҳтарин чеҳраҳои варзишӣ аз рӯи намуди тенниси 68 […]

Данная рубрика не содержит информаций