734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Таърихи мо

Аз таърихи таъсиси Кумита (1991-2015)

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст) далели ин гуфтаҳост. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолият медонад.

Пеш аз қабули қонуни мазкур заҳмати Кумитаи Марказии анҷумани XXV Иттифоқи Ленинии Коммунистии Тоҷикистон (ИЛКҶТ) беканор буд. Бо амри тақдир вазифаи азнавсозии фаъолияти комсомол дар шароити ноустувори ҷамъиятӣ, буҳрони системаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба рушди иҷтимоии ҷавонон халал мерасониданд, ба зиммаи ҳамин анҷумани комсомоли Тоҷикистон вогузор гашта буд.

Бо назардошти ин, анҷумани XXV ИЛКҶТ 18 сентябри соли 1990 қарори дахлдорро оид ба лоиҳаи Қонун «Оид ба сиёсати ҷавонони РСС Тоҷикистон» қабул менамояд, ки дар он анҷуман изтиробу ҳаракати худро нисбат ба вазъияти номусоиди иқтисодӣ, ҳолати ногувори саломатии руҳию маънавӣ ва ҷисмонию ахлоқии насли ҷавон изҳор намуда, диққати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакатро ба ҳалли таъҷилии масъалаҳои ҷавонон, коркард ва асосҳои сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳо барои рушди фаъолияти иқтисодию сиёсии ҷавонон ҷалб карда буд. Ҳамзамон вакилони анҷуман муҳимият ва зарурати ин сиёсатро дар раванди ташаккули тарбияи идеологии ҷавонон пазироӣ намуда, ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Дар марҳилаи хотимаёбии ин анҷуман ногузирии таҳия ва татбиқи амалии сиёсати комилу босамари давлат нисбат ба ҷавонон иброз гардида, ҳайати нави Кумитаи Марказии ИЛКҶТ вазифадор гардид, ки ҳарчи тезтар лоиҳаи Қонуни РСС Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон»-ро таҳия намуда, ба сессияи навбатии Шурои Олии ҷумхурӣ барои баррасӣ пешниҳод намояд.

Тибқи ин супориш, пленуми Шурои Кумитаи Марказии (ШКМ) ИЛКҶТ-и 27 декабри соли 1990 баргузор гашта лоихаи Қонун «Дар бораи ҷавонон»-ро ба Шурои Олии РСС Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи таъсис додани сохтори иҷроияи сиёсати давлатии ҷавонон расман ба Президенти РСС Тоҷикистон Қ. Маҳкамов муроҷиат менамояд. Дар ин хуҷҷат зикр гаштааст, ки «Ҳоло дар доираи қонунгузорӣ КМ ИЛКҶ Тоҷикистон лоихаи Қонун «Дар бораи ҷавонони РСС Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуд, қарорҳои Шуроҳои вилоятию шаҳрии депутатҳои халқи Ленинобод «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон» кабул гаштаанд, корҳо барои омода сохтани барномаҳои ҷавонон дар вилоятхои Қургонтеппа ва Кӯлоб оғоз шудаанд, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатӣ, колхозу савхозҳо як қатор қарорҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои ҷавонон, мусоидат намудан ба фаъолияти хоҷагии онҳо ва дастгирии созмонҳои ҷавонон қабул гаштааст». Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ ҷараёни сиёсати мақсаддори ҷавонон фаъолона ташаккул меёбад. Дар хуҷҷати мазкур КМ ИЛКҶТ талаботи худро оид ба ҳарчи тезтар таъсис додани мақомоти давлатии кор бо ҷавонон дар сохтори ҳокимияти иҷроия изҳор намуда, тартиботи мушаххаси ташаккул додан ва муайян кардани статуси ин мақомотро пешниҳод кардааст.

Дар натиҷаи ин заҳматҳо 9 феврали соли 1991 бо Фармони Презденти РСС Тоҷикистон №ФП-27 Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шуд.

Ақидаи КМ ИЛКҶ Тоҷикистон нисбати дар марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон номатлуб будани таъсиси сохтори ҳамҷоя («ҳамҳудуд») ҳануз дар муроҷиатномаи он ба унвони Президенти ҷумдурӣ аз 15 феврали соли 1991 иброз гардида буд. Роҷеъ ба ин масъала дар ин санад омадааст: «Дар даврае, ки сиёсати давлатии ҷавонон нав ташаккул меёбад, ба назари мо дар як Кумита якҷоя намудани ду самти кофӣ мустақил мувофиқи мақсад нест. Ин метавонад самти фаъолияти Кумитаи пешниҳодшавандаро ҷиддӣ тағйир дода, мақоми онро дар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, рушди ҳаракати ҷавонон дар ҷумҳурӣ ва нақши онро дар азнавсозии ҷомеа паст намояд».

Новобаста аз ин КМ ИЛКҶ, Тоҷикистон иқдоми пешгирифтаро пазироӣ намуда, таклифҳои гуногунро дар самти баланд бардоштани самарранокии фаъолияти мақомоти давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод менамуд. Масалан, КМ ИЛКҶТ соли 1991 ба роҳбарияти Кумитаи давлатии оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон муроҷиат намуда, таклифи мушаххасро оид ба сохтор ва вазифаҳои Кумитаи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда буд. Дар ин пешниҳодот аз ҷумла иброз гашта буд, ки «.. вазифаи давлат ва сохторҳои вайро ҳамчун кафолати ҳифзи иҷтимоии ҷавонон эътироф карда, дар ҷараёни бевоситаи коркард ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нерӯ ва имкониятҳои худи ҷавонон бояд фаъолона истифода гарданд». Бешубҳа ин гуфтаҳо, бори дигар собит месозад, ки таҷрибаи комсомол дар соҳаи кор бо ҷавонон бою рангин буда, нерӯи бузург дошт.

Таҳлилу омӯзиши ҷараёни баъдинаи ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки маҳз аз мадди назар дур мондани пешниҳодоту таклифҳои ташкилоти ботаҷрибаю бонуфӯзи ҷавонон, истифода нагаштани иқтидору имкониятҳои он дар марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон боиси баъди як соли фаъолияти нопурра соли 1990 барҳам хурдани нахустин идораи давлатии кор бо ҷавонон гардид.

Баъди барҳам хурдани сохтори давлатии кор бо ҷавонон кадрҳои ботаҷрибаи он пароканда шуданд, ба дигар сохторҳои давлатӣ ба кор гузаштанд, шабакаи мавҷудаи хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон барҳам хурд.

Ҳамин тавр, кушиши нахустини ташаккули сиёсти давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бо сабабхои субъективй тақдири бебарориро соҳиб гашт ва моҳи январи соли 1992 дар ҳайати нави Девони Вазирон бар ивази Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Кумитаи давлатӣ оид ба варзиш ва туризм таъсис меёбад.

Новобаста ба ин, 13 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро кабул намуд. Сипас, байни соли 1992 бори дигар мақомоти давлатии кор бо ҷавонон дар шакли Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм барқарор мегардад, вале бо сабаби номусоидии вазъияти сиёсии кишвар он фаъолияти муккамал намебарад.

9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тҷчикистон №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Ин оғози кушиши дуюми ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон буд. Мутаасифона, ташаббуси индафъаина пешгирифта низ ҷомаи амал напӯшид. Баъди якуним соли фаъолият дар натиҷаи ислоҳоти ҳокимияти давлатӣ Кумитаи мазкур барҳам хурд.

Ҳамин тавр, саъйи дуюми комилан ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон низ бо нобарорӣ дучор гашт. Сабаҳои объективии рух додани ин ҳолат нисбат ба сабабҳои субъективиаш зиёд буданд, ҳол он ки дар кушиши якум вазъият хусусияти бараксро дошт. Новобаста ба он, ки ҳангоми кушиши аввал низ ҷамъият дар вазъияти ногувор ва муборизаи шадиди сиёсии тарафҳои гуногун қарор дошт, дар он вақт имконияти бузурги истифода намудани иқтидори комсомол, баъдан Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, мавҷуд буд. Аммо ҳангоми кушиши дуюм чунин имконият набуд, аллакай ташкилоти ҷавонон иқтидори худро гум карда буд.

 Марҳилаи нави ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон

Равшан аст, ки пас аз барқарор намудани сохти конститутсионӣ роҳбарияти нави ҷумҳурӣ фаъолияту нерӯи худро ба самти барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдат, ризоияти миллӣ дар мамлакат равона мекард. Баъди орому осоишта гаштани ҳаёти халқ, ба даст овардани ризоияти миллӣ, ваҳдат, Президенти мамлакат Э.Ш.Раҳмонов 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар вохӯрӣ доир менамояд ва фармони худро таҳти рақами №727 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ба имзо мерасонад. Сипас, мутобиқи он фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Бо ин кушиши сеюми ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гашт.

Ҳамин тариқ, кушиши навбатии ташаккули қисмати ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон бомуваффақият анҷом ёфта, қисмати ташаккули идеологии он оғоз ёфт. Таҷрибаи 7 сола доштани Кумитаи кор бо ҷавонони нишон медод, ки иқтидори он пурқувват гашта, барои минбаъд нигоҳ доштани мақоми абадии худ тайёр аст.

Дар натиҷаи номукамалии сиёсати давлатии ҷавонон солҳои 1990-1997 ба Кумитаи кор бо ҷавонони навтаъсис ба ғайр аз қонуни асосии ҷавонон қариб, ки чизе мерос намонда буд. Набудани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба татбиқи бошитоби қонуни асосии ҷавонон мусоидаткунада, самтҳои тамоюлнокӣ аз мавқеъи илмию назариявӣ асоснок гашта, заминаҳои методӣ, иттилоотию таҳлилӣ, моддию техникӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон нишондиҳандаҳои асосии фазоеро, ки Кумитаи кор бо ҷавонон дар он фаъолияти худро оғоз намуд, ташкил менамуданд.

Бо вуҷуди ин ба роҳбарияти Кумита муяссар гашт, ки охирҳои соли 1997 ба муваффақиятҳои ҷиддӣ соҳиб гардад. Дар ин муддати кутоҳ ду қарори муҳиму умдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гаштанд, ки тибқи онҳо асосхои ташкилӣ ва маблағгузории фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон, ягонагӣ дар муайян намудани моҳияти сиёсати давлат нисбат ба насли ҷавон, системаи амудии рохбарӣ, пешбурди сиёсати кадрӣ ва маблағгузории мақомоти кор бо ҷавонон, инчунин мақоми Кумита, чун мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, муқаррар гаштаанд. Ғайр аз ин, то охири соли 1997 чор идораҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, кариб 60 шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии кор бо ҷавонон таъсис дода шуда буданд. Ба даст овардани чунин нишондодҳо дар ду марҳилаҳои пешинаи ташаккулёбии Кумита муяссар нагашта буданд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки охири соли 1997 даври ташкилёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт. Ин марҳила хело вазнину мушкил ва тулонӣ (7 сол) гузашт, хусусияти рушди он инъикоси вазъияти дар ҷомеа ҷойдошта буд.

Марҳилаи дуюми ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аввалҳои соли 1998 оғоз ёфт. Кумита дар тули чор соли фаъолият фазои сиёсати давлатиро нисбати ҷавонон ба куллй тағйир дод. Дар ин давра дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони ҷумҳурӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ё дар умум натиҷаҳои муҳиму самарабахш дар ҷараёни инкишофи сиёсати ҷавонон ба даст омаданд.

Айни замон бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №609 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ ба роҳ мондааст.

Ҷавонон

13.06.2019 Иштироки ҳайати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12- умин ҷаласаи Шӯрои ҷавонони СҲШ

12- умин ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай  имсол аз 12 то 16 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон баргузор мегардад. Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласа Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Владимр Норов ва ҳайатҳои миллии Федератсия Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Қазиқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белоруссия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда истодаанд. Ҳайатҳои намояндагӣ вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, раванди амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои аъзо ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ дар соли 2019 ибрози назар намуда, […]

13.06.2019 Ситораи тиллоӣ: Волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷоизадори мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ гардид

Аз 4 то 11 июни соли 2019 дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия нуҳумин 1X Академияи бачагонаи мусиқии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонандагони мактаб – интернати махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев Шаҳриёр Ҳабибов ва Ҷалолиддин Абдуллоев намояндагӣ намуда, ҳунару маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷоизаи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ гардиданд. lX – умин Академияи бачагонаи мусиқии давлатҳои аъзои ИДМ ва Балтика бо роҳбарии Юрий Башмет баргузор гардида, беҳтарин санъаткорон ва мусиқидонони ҷавону наврасро муайян намуд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистони бо гирифтани Ҷоми Академия “Ситора тиллоӣ” шарафёб гардиданд, ки ин боиси ифтихори ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавриди зикр […]

07.06.2019 Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо аъзоёни маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо аьзоёни маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимини суханронии хеш иброз намуданд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Шумо ҷавонони хушиқболи ватан тамоми шароитҳои замони муосир фароҳам оварда шуда, таҳсили Шумо дар донишгоҳҳои бонуфӯзи олам ин натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ва сиёсати дурбинонаи ӯ дар кишварҳои олам мебошад. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар бонуфӯзтарин донишгоҳҳои олам таҳсил намуда, бо донишу маҳорат ва […]

07.06.2019 Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО

Дар доираи баргузории Фестивали намоиши ҷумҳуриявии “Зиннату ҳусни ҷавонист- Чакан” конфронси илмӣ – назарявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО” баргузор мегардад. Дар кори конфронс коршиносони соҳа,  олимону муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва намояндагони комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд. Конференсия санаи 16 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор  мегардад.

07.06.2019 Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад

12 августи соли 2019 дар кишвар 5 – умин Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндагии худро дар 16 давлати дунё таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамоянд. Айниҳол шумораи аъзоёни маҳфил беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил намуда, пайваста аъзоёни маҳфил чорабиниҳои гуногунро дар хориҷи кишвар бо доираи васеи тоҷикон доир менамоянд. Дар кори Анҷуман роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони намояндагӣ дар вилояту шаҳрҳо ва донишгоҳҳои […]

Варзиш

13.06.2019 Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон иштирок менамояд.

Дилшод Назаров варзишгари маъруфи кишвар машқҳои дастаҷамъонаи тамринии худро аз 24 июн то 10 июли соли 2019 дар шаҳри Амблонести Ҷумҳурии Чехия мегузаронад. Дар ин машқҳои дастаҷамъона Дилшод Назаров омодагии худро ба мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ мебинад ва умед аст, ки ин варзишгари маъруфи кишвар роҳхати Бозиҳои олимпӣ – 2020- ро  ба даст орад. Ӯ ҳамзамон, дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад, аз ҷумла аз 6 то 7 июл дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқоти варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми Г.Касанов, 13 то 14 июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалии барои дарёфти Ҷоми Т.Колпокова ва 2 то 4 август дар Ҷумҳурии […]

13.06.2019 9 медал аз Тошканд ба Душанбе меояд.

1 то 12 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди  Узбекистон мусобиқа оид ба варзиши сабук – “Ҷоми шаҳрҳо” баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди варзишгарон аз Оисёи Миёна иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳурии Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон  ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дастаи мунтахаби варзиши сабуки кишвар дар ин мусобиқа сазовори 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардида, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа ва Гулсунбӣ Шарифова дар масофаи 200 метр рекорди миллӣ гузоштанд. Кристина дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.47 сония мақоми аввалро ишғол кард. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаҳои 100 метр бо натиҷаи 11.86 […]

13.06.2019 Дастаи Суғд ҷойи аввалро соҳиб гардид.

Аз 9 то 12 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни калонсолони (бонувони) то 30-сола бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 68 нафар бонувон аз дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи вилояти Суғд дар мусобиқаи мазкур сазоври ҷойи аввал гардида, медалҳои ттилои мусобиқаро соҳиб гардиданд. Дастаи ҷавгонбозони шаҳри Душанбе бо шикаст дар даври финалии мусобиқа сазовори ҷойи дуюм гардида, дастаи чавгонбозони Хатлон дар ин мусобиқаи варзишӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.   Ёдовар мешавем, ки дар кишвар барои иштирок дар даври ниҳоии […]

13.06.2019 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад.

15-16 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад. Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар як сол як маротиба баргузор гардида, беҳтарин варзишгаронро барои ворид гардидан ба тими мунтахаби кишвар пешниҳод менамояд. Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи ба даст овардани имтизҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд. Имсол чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар маҷмааи варзишии 20-  солагии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, иштироки беш аз 50 нафар варзишгари шинохтаи кишвар дар назар дошта шудааст. Иштирокчиёни чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввали чемпионат дар сатҳи шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ ва дар марҳилаи дуюми чемпионат дар сатҳи минтақа […]

12.06.2019 Кристина Пронженко дар Чин рекорди қаблии худро шикаст.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Кристина Пронженко ва Одилшоҳ Исматов дар давраи дуюми Гран Прии Осиё иштирок карданд. Кристина дар дав ба масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт. Мусобиқа бо иштироки беҳтарин варзишгарони қора 7 июн дар шаҳри Чонқинги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт. Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 53.88 сония ҷои панҷумро ишғол намуда, рекорди миллӣ гузошт. Ӯ рекорди қаблии худро, ки дар Чемпионати Осиё моҳи апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар бо натиҷаи 54.13 сония гузошта буд, шикаст. Кристина се рӯз қабл – 4 июн дар даври аввали Гран Прии Осиё низ (Ҷиангҷини Чин) бо натиҷаи 54.44 сония ҷои панҷумро сазовор […]

Данная рубрика не содержит информаций