734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2019

Фаъолияти Кумита дар давоми нимсолаи аввали соли 2019

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, дар заминаи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита ҳамчун роҳнамову дастурамали рӯи мизии кории ҳамарӯзаи худ ба асос гирифта, баҳри татбиқи сифатнокии он дар нимсолаи аввали соли 2019 чораҳои амалӣ андешид.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин давра 17210 чорабинӣ бо фарогирии 2,960 429 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намуд, ки дар самти кор бо ҷавонон 10764 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, омӯзишию илмӣ, сиёсию иттилоотӣ бо фарогирии 1 670 386  нафар наврасону ҷавонон ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила оммавигардонии варзиш 6446 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 1 290 043 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 304672 нафар бонувон амалӣ гардонида шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018, 280 чорабинӣ ё 2 фоиз ва шумораи фарогирӣ 186933 нафар ё 6 фоиз зиёд гардидааст.

ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН

Баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилотҳои умдаи ҷавонон  дар ҷомеа Кумита аз рӯи 10 самти афзалиятноки Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияти соҳаро роҳандозӣ намуд.

Корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ

Аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ бо  мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаву кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли 2019 1403 мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо фарогирии 268837 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва аҳолӣ баргузор карда шуд.

Самти ободкорӣ

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонӣ, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” ҳамагӣ аз ҷониби масъулини Дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система зиёда аз 322199 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо бо иштироки 147683 нафар ҷавонон шинонда шуд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби Кумита ва зерсохторҳои маҳаллӣ дар давраи  ҳисоботӣ 930 маротиба корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона  баргузор карда шуд.

Кор дар самти волонтёрон

Тибқи омори сиёсати давлатии ҷавонон шумораи волонтёрон, аъзоёни маҳфили “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” дар кишвар 4677 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби бевоситаи волонтёрон дар давраи ҳисоботӣ 1200 силсилаи чорабиниҳои маърифатию машваратӣ, омӯзишию илмӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ бо фарогирии 50344 нафар ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар натиҷаи шароитҳои фароҳамгардида дар самти таъмини иштироки ҷавонон 3999 чорабинӣ бо иштироки 678615 нафар ва истифодаи 96075 маводҳои таблиғотию иттилоотӣ баргузор карда шуданд.

Баргузории аксия ва ҳамоишҳо

Яке аз механизмҳои ҷалби ҷавонон вобаста ба қабули қарор ва иштироки фаъолонаи онҳо дар амалигардонии иқдомҳои созанда ва муосир, ин баргузории аксия ва ҳамоишҳои дастаҷамъона ба ҳисоб меравад, ки ба ин васила метавон мавқеъ ва муҳимияти масъаларо аз нуқтаи назари сиёсӣ арзёбӣ намуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 чорабиниҳо таҳти унвонҳои «Солимӣ бойгарии миллат», «Ало, салом модар ман туро дӯст медорам», «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Солимии ҷавонон – солимии миллат», «Ҷавонон – муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ»,  “Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон», «Об барои инсон», «Интихоби касби муосир дар бозори меҳнат», «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», «Танзим баракати зиндагӣ», «Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати мо ҷавонон!», «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим», «Пешвои миллат – ғамхори ятимон»  ва амсоли инҳо баргузор карда шуд.

Дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ 466 аксия – ҳамоишҳо бо иштироки 211751 нафар ҷавонон ва тақсими 96075 маводи иттилоотӣ дар  ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.

Семинарҳо

Бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи масъулини Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ 551 семинар-тренингҳои омӯзишӣ бо иштироки 25387 нафар ҷавонон таҳти унвонҳои «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ», “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум мекунем”, «Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм», “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, “Нақши соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон” ва “Нақши ҷавонон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардидаанд.

Конфронс ва мизҳои мудаввар

Бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи рушди имкониятҳои зеҳнию эҷодии ҷавонон дар ҳалли мушкилоти ҷавонон ва вусъат бахшидан ба имкониятҳои фароҳамгардида дар нимсолаи аввали соли 2019, 617 конфронс ва мизи мудаввар бо иштироки 58416 нафар ҷавонону наврасон таҳти унвонҳои солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Ҷанбаҳои илмӣ, амалӣ ва назариявии сиёсати давлатии ҷавонон: дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ”, «Худшиносӣ ва маърифати сиёсӣ – асоси раҳоӣ ёфтан аз фиреби сиёсӣ», «Саҳми ҷавонон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Душанбе маркази рушди имконот ва ташаббусҳои созандаи ҷавонон”, “Паёми Пешвои миллат – дастури созанда”, “Душанбе ҳамчун маркази эҳёи тамаддуни таърих”, “Душанбе: маркази имкониятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон”, “Мо ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат ҳастем ва хоҳем монд”, “Фарҳанги шаҳрнишинӣ ва роҳҳои таъсири он дар шаҳри Душанбе”, “Ҳадафи суханронии Пешвои миллат – тарбияи инсони комил”, “Душанбе шаҳри орзуҳои ҷавонӣ”, “Душанбе – ҳамчун ҳомии фарҳанги бузурги тоҷикон”, “Заминаҳои рушди илмии ҷавонон дар кишвар”, “Душанбе маркази худшиносии миллии ҷавонон”, “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ ва нақши ҷавонон дар он” ва “Чакан – мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО” баргузор гардид.

Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон

Воқеан дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои калидии инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҷавонони соҳибистеъдод ва босавод дар ҳама давру замон дар ҷомеа обрӯву эътибори хоса дошта, дар рушди самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши созанда мегузоранд.

Дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки он барои ҳавасмандгардонию қадрдонии олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника дастовардҳои назаррас доранд, пешбинӣ гардидааст ва айни замон дар комиссияи босалоҳият номзадии 67 нафар олимони ҷавон барои муайян намудани ғолибони охмуни Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

          Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” шумораи гирандагони стипендия аз моҳи сентябри соли 2018, 100 адад зиёд карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ барои 2225 нафар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ таъсис дода шудааст.

          Вобаста ба ин самт дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 354 чорабинӣ бо фарогирии 31926 нафар ҷавонон доир карда шуд.

Шуғлнокӣ

Дар ин замина, ҷиҳати бо кор таъмин намудани ҷавонон аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо шуъбаву бахшҳои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ карда шуда истодааст.

Дар шаҳри Душанбе 34 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 330 нафар ва бозомӯзии 524 нафар, Хатлон 124 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 2326 нафар ва бозомӯзии 2102 нафар, Суғд 114 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 2469 нафар ва бозомӯзии 1399 нафар, ВМКБ 29 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 453 нафар ва бозомӯзии 403 нафар,  ШНТЧ 47 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 895 нафар ва бозомӯзии 1128 нафар, дар умум 358 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо таъмини ҷойи кор ба 6603 нафар ва дар курсҳои бозомӯзии 5656 нафар ҷалб гардиданд.

Курсҳои омӯзишӣ

 Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021” ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллии дахлдор 87 курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва компютерӣ бо фарогирии 2555 нафар ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ

Оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, тарбияи ҷавонон дар самти ватандӯстию хештаншиносӣ, нигаҳдошти тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, муқаддасоти Ватан ва амсоли онҳо 318 чорабинӣ бо иштироки 35220 нафар баргузор карда шуд.

Таъмини иҷтимоии ҷавонон

Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони хайрхоҳ ба 3257 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз тамоми сарчашмаҳо дар ҳаҷми 314496 сомонӣ кумакҳои моддӣ, молӣ ва маишӣ расонида шуд.

        Фарҳангию фароғатӣ

Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад.

        Кумита бо мақсади баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстии ҷавонон 204 чорабиниро таҳти унвони «Суруди Модар – Алла», «Бузургдошти зан – модар аз нигоҳи Пешвои миллат», «Як рӯзи ҷавонӣ дар Боғи «Ҷавонон», «Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир», «Садои дӯстӣ», «Таронаи сарбоз», «Суруди сарбоз» ва амсоли онҳо бо иштироки 74347 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд.

САҲАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ИНКИШОФИ ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ 9835 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 6991 майдончаи варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 125 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 33 миллиону 69 ҳазору 706 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 4 миллиону 463 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 28 миллиону 606 ҳазору 706 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар шаҳри Душанбе 13 майдончаи варзишӣ бо харҷи зиёда аз 9 миллиону 750 ҳазор сомонӣ маблағҳои эҳсонкорӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар вилояти Хатлон 49 иншооти варзишӣ бо харҷи 9 миллиону 409 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 1 миллиону 190 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ, аз ин 1 маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Бохтар, 2 толори варзишӣ бо харҷи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷҷавӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Ҷайҳун ва 46 майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ёвон, Норак, Кӯшониён, Восеъ, А.Ҷомӣ, Фархор, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Қубодиён, Данғара, Ҳамадонӣ, Ҷ.Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шаҳритуз ва Ҷайҳун сохта ба истифода дода шудааст.

Дар вилояти Суғд 42 иншооти варзишӣ бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазору 706 сомонӣ, аз ҷумла, 3 миллиону 273 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ, аз ин 5 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Спитамен ва Ашт ва 37 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Мастчоҳ, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Истаравшан, Зафаробод, Ҷ.Расулов, Гулистон, Бӯстон, Деваштич, Б.Ғафуров, Айнӣ,  ва Ашт сохта ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт ва Сангвор 21 иншоооти варзишӣ бо харҷи 3510000 (се миллиону панҷсаду даҳ ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла 7 толори варзишӣ ва 14 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 140 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб, 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш.Душанбе, 1 мактаб дар ш.Хуҷанд ва 1 мактаб дар н.Рӯдакӣ), 90 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд.

Дар мактабҳои варзишӣ дар ин давра дар 3989 гуруҳ (39 гуруҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд) 47930 машқварз (215 машқварз нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд), аз ҷумла 5958 нафар бону (466 бону нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд) ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

  • Оммавигардонии варзиш ва ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ

Бо мақсади амалигардонии татбиқи банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013, №264) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шуда, бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, № 25140 (26.7) ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2019 таҳти унвони “Зебоӣ, тавонӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд.

Ҳамин тавр, тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои  “Парчами давлатӣ”, “Ба номи А.Дониш”, “Ба номи А. Рӯдакӣ”, “Ба номи А.Фирдавсӣ”, “Ба номи С.Айнӣ”, “Кули ҷавонон”, назди шаршараи “Наврӯзгоҳи пойтахт” ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишкадаву донишгоҳҳо, коллеҷу литсейҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва оммаи васеи хоҳишмандон доир гардида истодаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар 1935 машқҳои пагоҳирӯзӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 404 машқҳо зиёд), ки аз ин 139 машқи пагоҳирӯзӣ (нисбат ба соли гузашта 99 машқ зиёд) дар ВМКБ, 526 машқи пагоҳирӯзӣ (нисбат ба соли гузашта 10 машқ зиёд) дар вилояти Хатлон, 506 машқи пагоҳирӯзӣ (нисбат ба соли гузашта 70 машқ зиёд) дар вилояти Суғд 344 машқи пагоҳирӯзӣ (нисбат ба соли гузашта 48 машқ зиёд) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар қаламрави ҷумҳурӣ 565667 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248350 нафар зиёд), аз ҷумла 116388 нафар бону (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30369 нафар бону зиёд) ширкат варзидаанд.

  • Мусобиқаҳои варзишӣ – солимгардонӣ ва ҳаваскорона

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни наврасону ҷавонон дар давраи таътили зимистона ва санаҳои таърихӣ, аз қабили 26 солагии таъсисёбии “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, Иди байналмилалии “Наврӯз”, марҳилаи якуми “Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ”, Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар ҷумҳурӣ 1851 чорабинӣ бо фарогирии 443025 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ, аз ҷумла 114729 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Вилояти Хатлон 547 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 81964 нафар, аз ҷумла 12040 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 406 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 194273 нафар, аз ҷумла 77906 нафар бонувон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 170 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 13504 нафар, аз ҷумла 3894 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 572 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 134411 нафар, аз ҷумла 17995 нафар бонувон баргузор карда шуданд.

  • Мусобиқаҳои варзишии касбӣ дар сатҳи маҳал:

Қобили зикр аст, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва ҷалби тамоми хоҳишмандон ба варзиш дар заминаи иҷрои фармоиши Раиси Кумита аз 21 декабри соли 2018, №284-в оид ба таъмини риояи талаботи Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нимсолаи якуми соли ҷорӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар се марҳила ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамин тавр дар доираи баргузории марҳилаҳои интихобӣ дар қаламрави кишвар 2660 мусобиқаҳои интихобии марҳилаи якум ва дуюм дар сатҳи дохили мактабӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ доир гардиданд, ки дар онҳо 281351 нафар, аз ҷумла 73555 бонувон иштирок намуданд.

Аз ин дар вилояти Хатлон 990 мусобиқаҳои интихобӣ ба фарогирии 61401 нафар, аз ҷумла 9423 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 708 мусобиқаҳои интихобӣ бо фарогирии 138768 нафар, аз ҷумла 49256 нафар бонувон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 86 мусобиқаи интихобӣ бо фарогирии 2846 нафар, аз ҷумла 311 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 566 мусобиқаҳои интихобӣ бо фарогирии 47103 нафар, аз ҷумла 9758 нафар бонувон баргузор карда шуданд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои доиргардида ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи маҳал ва минтақаҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат пайдо намуданд.

  • Мусобиқаҳои варзишии касбӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ

Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пешгирии амалҳои номатлуб ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар асоси нақшаҳои кории Кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 89 чорабиниҳои варзишии мухталиф баргузор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 24 чорабинӣ зиёд ба қайд гирифта шуд.

Аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида 18 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 14 чорабинӣ зиёд, 71 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намудҳои футбол, волейбол, тӯби дастӣ, чавгонбозӣ, лижаронии куҳӣ, варзиши сабук, шоҳмот, вазнабардорӣ ва дзюдо байни маъюбон, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва теннис нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 чорабинӣ зиёд, баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 9101 варзишгар, аз ҷумла 1409 бону фаро гирифта шуд.

  • Сатҳи байналмилалӣ

Қобили зикр аст, ки бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар давраи ҳисоботӣ ба 65 мусобиқаҳои байналмилалӣ 284 нафар аз ҷумла 24 бону сафарбар гардиданд.

  • Натиҷаҳои варзиши тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ:

Медали тилло 108 ( соли 2018, 36) – 72 медал зиёд;

Медали нуқра 16 (соли 2018, 19 ) –3 медал кам;

Медали биринҷӣ 105 (соли 2018, 42) – 63 медал зиёд.

Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2019 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзиши кишвар 231 медал ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 134 медал зиёд мебошад.

Аз ҷумла намуди олимпӣ:

Медали тилло 51, медали нуқра 9 ва медали биринҷӣ 74 нисбати соли гузашта, 67 медал зиёд.

Ғайри олимпӣ:

Медали тилло 57, медали нуқра 7 ва медали биринҷӣ 33 нисбати соли гузашта, 59 медал зиёд.

Вобаста ба дастовардҳои варзишгарон дар давраи ҳисоботӣ 2 маротиба Комиссияҳои унвондиҳии Кумита 170 ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани унвони варзишӣ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа ба 17 нафар “Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 63 нафар “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 5 нафар “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва ба 2 нафар унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 4 нафар “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

  • Бозомӯзи ва такмили ихтисоси мутахассисону варзишгарони соҳа:

Аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати нишондодҳои варзишӣ, малакаю маҳорати роҳбарият ва мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ 7 адад курсҳои такмили ихтисос ва 9 адад семинарҳои бозомӯзӣ бо ҷалби 516 нафар роҳбарият, кормандон ва мураббиёни муассисаҳои тайёрии кишвар доир карда шуданд.

1.8 ТАДБИРҲО ДАР САМТИ КОР БО ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

   Бо ташаббус ва иқдомҳои Кумита Нақшаи сеҷониба бо 5 ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои миллии намудҳои олимпии варзиш, аз ҷумла федератсияҳои намудҳои варзиши дзюдо, варзиши сабук, қайиқронӣ, гӯштин (тарзи озод, юнонӣ румӣ) ва бокс Нақшаи мукаммали омодагӣ ва сафарбарии варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио 2020, дар соли 2019 ба имзо расонида шуд.

Ҷаласаҳои доимамалкунандаи Роҳ ба сӯи Токио – 2020

Дар дар нимсолаи аввали соли 2019, 12 маротиба ҷаласаҳои доимамалкунандаи “Роҳ ба сӯи Токио-2020” дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа доир карда шуд.

Дар ҷаласаҳои доиргардида масъалаҳои гирифтани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020, ба низомдарории фаъолият, риоя ва иҷрои талаботҳои қонуну санадҳои танзимкунандаи соҳа дар самти фаъолияти кории иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар ҳамчун ҳадафи асосӣ ба миён гузошта шуд.

Бо ин васила ҳолати кунунӣ, имконият ва иқтидорнокии иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш мавриди омӯзиш қарор дода шуд, ки дар натиҷа як қатор мушкилотҳо аз қабили бетаваҷҷуҳии бархе аз раисони федератсияҳои миллии варзишӣ дар самти ба инобат нагирифтани талаботҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла нагузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ, надоштани потенсиали кадрӣ, надоштани базаи моддӣ-техникӣ, надоштани сарчашмаи маблағгузорӣ дар самти омодакунӣ ва сафарбарии варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаб ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, эҷод намудани монеаҳои сунъӣ дар самти фаъолият, қарздор будан аз федератсияҳои байналмилалӣ ва амсоли онҳо.

Дар натиҷаи ҷаласаҳои баргузоргардида барои гирифтани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020 нақшаи сеҷониба аз рӯи намудҳои дзюдо, гӯштини тарзи озод, юнону румӣ, варзиши сабук, қайиқронӣ ва бокс ба тасвиб расонида шуд.

Кӯмаки методӣ ва амалӣ ба федератсияҳо ҷиҳати мутобиқ намудани фаъолияташон ба низоми мавҷуда идома дорад

Натиҷаи умумии тадбирҳои андешидашуда дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар ҷумҳурӣ.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз ҷониби Кумита сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 6446 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои интихобии вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохили мактабӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 290 043 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ, аз ҷумла 304672 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Қобили зикр аст, ки 231 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами давлатӣ баланд бардошта шуда, 108 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст. Мавриди зикр аст, ки медалҳои ба дастовардаи варзишгарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 адад зиёд мебошад.


11.09.2019 Нет комментариев