734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Озмуни иншои беҳтарин дар ВМКБ ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон Ватани азизи ман!” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ, литсею гимназияҳо доир карда шуд.
Дар озмун зиёда аз 30 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ иштирок намуда, бо навиштани беҳтарин тахаюлотҳои эҷодӣ миёни ҳам рақобат намуда, се нафар бо гирифтани ҷои ифтихорӣ сазовор дониста шуд.
Ҳамин тариқ, бо навиштани беҳтарин иншо бо образҳои бадеию офаридаҳои рангини эҷодӣ Азорбекова Адолат хонандаи синфи 9 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 сазовори ҷои аввал дониста шуд.
Мақоми дуюмро дар ин озмун Қурбонбекова Гулистон хонандаи синфи 11 Мактаби Президенти шаҳри Хоруғ касб намуда, Турдиева Манижа ханандаи синфи 11 литсейи Оғохон бо гирифтани имтиёзи дигар мақоми сеюмро касб намуданд.
Дар охир ғолибон бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.


12.10.2018 Нет комментариев