734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Истиқболи ҳазорон нафар мухлисони футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Пас аз истиқболи гаруми самимӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон (U 16 )  чун рамзи эҳтиром  садоқат ба таърихи дирӯзу имрӯзи кишвар  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар назди аввалин поягузори давлати миллии тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ  гулчанбар гузошта, сари таъзим фуруд оварданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ тими мунтахаби Тоҷикистон миёни наврасонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ҳамроҳӣ намуданд.

Тими наврасони Тоҷикистон таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ машқу тамринҳои хуро бо иштироки мураббиёну масъулони соҳибтаҷрибаи кишвар ва мутахассисони баландихтисос аз хориҷӣ кишвар дар беҳтарин шароити муосир роҳандозӣ намуда, натиҷаи дастгирию ғамхориҳои  пайвастаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба он оварда расонд, ки мо дар чемпионати Осиё 2019 мақоми дувумро касб намоем.


11.10.2018 Нет комментариев