734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Маросими истиқболи тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Дирӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) аз кишвар Малайзия тавассути хатсайри Алмаато – Душанбе ба Ватан баргашт.
Дар маросими истиқболи тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон (U 16) раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ҳазорон нафар мухлисону ҳаводорону ашадии футбол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U 16) дар чемпионати Осиё 2018 бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ мақоми дуввум ва соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шикаст додани дастаҳои пурқудрати Осиё ба даври финалӣ роҳхат пайдо намуда, мутаасифона дар даври финалӣ аз дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1:0 шикаст хурд. Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба чоргонаи беҳтарин дастаҳои Осиё ворид гардида, баҳри иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2019 дар Перу роҳхат пайдо намуданд.
Таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соҳаи футбол дар Тоҷикистон рушд намуда, ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш машғул мебошанд. Тимҳои мунтахаби Тоҷикистон дар сину соли гуногун дар мусобиқаҳову чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо иштирок намуда, мақоми шоистаеро касб намудаанд.
Бо ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати Осиё
2018 бори дигар собит гардид, ки соҳаи футбол дар Тоҷикистон рушд намуда, дастаи футболи тоҷик метавонад шикастнопазир бошад.
Мо ба тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бовар дорем ва умед бар он мебандем, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2019 дар Перу маҳорати баланди касбӣ нишон дода, мақоми шоистаеро касб менамоянд.


11.10.2018 Нет комментариев