734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) оид ба футболро барои дарёфти роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2019 табрик намуд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16)  оид ба футбол дар рақобати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо шикаст додани дастаи Кореяи Шимолӣ 1:1 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) барои худ на танҳо ба сабқати нимниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ кушод, балки роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки баргузориаш дар кишвари Перу дар назар аст, ба даст овард. Бо ин комёбии назарраси деринтизор футболбозони дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистонро президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфт.

Дар номаи табрикотии президенти ФФТ, аз ҷумла омадааст: «Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ифтихори дарёфти роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки баргузориаш тобистони соли оянда дар кишвари Перу мавриди назар аст, аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Билохира фурсате фаро расид, то аз ҳосили заҳматҳои ҳамвораи душвори хеш ком ширин кунем. Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ба ҳайати бозингарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ бинмоям. Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро барои худ ва ҳама туфайли заҳмати ҳамвораву тоқатхора, таҳаммули ранҷу азоб ва азми қавию қатъию фидокорӣ фароҳам сохтанд. Аҳсан, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокорию мубориза дар роҳи ҳифзи нангу номи меҳан! Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо аз дастаи мунтахаби мамлакат пуштибонӣ менамуданд! Ба дастаи мунтахаби сарбаланду пирӯзи футболбозони умедбахши тоҷик дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё-2018 кушоиши кор ва авҷу барор таманно мекунам!», — иброз намудааст президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар сомонаи расмии ФФТ.


01.10.2018 Нет комментариев