734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми ҷаҳон иштирок менамояд.

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомали соҳаи футбол дар кишвар рушд ёфта, садҳо майдончаҳои худру бузурги футбол сохта ба истифода дода шудааст, ки ин барои рушди соҳаи футбол заминаи бузург гузошт.
Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии 1/4-финалии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу доир мегарданд, роҳхат гирифт.

Футболбозони тоҷик то дақиқаи 70-ум бо натиҷаи 1:0 баъди голи задаи Рустам Соиров (дақиқаи 14) дар сафи пеш буданд, аммо голи ҷавобӣ аз ҷониби Ри Ҳун (дақиқаи 69) натиҷаро мусовӣ-1:1 кард.

Тибқи низомномаи мусобиқа, барои муайян кардани ғолиб дастаҳо баъди анҷоми вохӯрӣ ба задани силсилаи зарбаҳои 11-метра рӯ оварданд. Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳриддин Ҳасанов ҳамаро қоил карда, ду зарбаи 11-метраро баргардонд ва имкон дод, ки дастаи Тоҷикистон роҳи худро ба бозиҳои нимфиналӣ ҳамвор кунад.

Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва ба бозиҳои нимфиналии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Ба замми ин наврасони мо роҳхати Ҷоми ҷаҳони соли 2019-ро низ сазовор гардиданд.

Мо бо ин ғалаба ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва футболбозону роҳбарони футболи мамлакатро муборакбод мегӯем: мо бо шумо ифтихор дорем!

Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:1. Аз пеналтӣ – 2:4

Голҳо: Рустам Соиров, 14 (0:1). Ри Ҳун, 69 (1:1).

Силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ: Ра Нам Хон – 1:0. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ким Ҷин Гук – 1:1 (даврвозабон). Озодбек Пандҷиев – 1:2. Чае Ю Сонг – 1:2 (даврвозабон). Ҷонибек Шарифов – 1:3. Ким Ҷин Хиок – 2:3. Рустам Соиров – 2:4.

Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 84), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Амадони Камолов (Озодбек Панҷиев, 81), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Огоҳӣ: Ким Вон Ил, Пак Рионг Гвон (Кореяи Шимолӣ), Эмомалӣ Ахмадхон (Тоҷикистон).

Бозингари беҳтарин: Мӯҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Довар дар майдон: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфуз (Баҳайн).

Нозири доварон: Маъсуд Мурадӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин).

30 сентябр. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин.

Япония – Уммон– 2:1

Голҳо: Исса Халфон Аннабӣ, 14 –худгол (1:0). Тариқ Хамис Алмашарӣ, 22 (1:1). Шодҷӣ Тояма, 81 (2:1).

30 сентябр. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 267 тамошобин.

1 октябр

13:30 – Индонезия – Австралия.

17:45 – Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон

Нимфинал

4 октябр

13:30 – Япония – ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия.

17:45 – Тоҷикистон – ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Ҳиндустон.

Финал

7 октябр

17:45 – Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Биёед, дар якҷоягӣ тими мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем!


01.10.2018 Нет комментариев