734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ

20 сентябр дар шаҳри Хабаровскии Федератсияи Русия II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ расман ба кори худ оғоз намуд. Дар он намояндагони ҷавон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Русия иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳӣ қатори дигар меҳмонон губернатори шаҳри Хабаровски Вячеслав Иванович Шпорт ва Александр Александрович Карелин, қаҳрамони секаратаи олимпӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз қисмати ифтитоҳӣ дар самти самаранокӣ ва имконияти иштироки ҷавонон дар кори институти ШОС маърӯзаҳо хонда шуд, ки роҳбари гурӯҳи ҷавонон аз Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадалиев низ қатори роҳбарони ҷавони дигар давлатҳои иштирокчӣ баромад намуда, имконият, шароит ва дастгириҳои давлатиро дар самти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешвем, ки форуми мазкур то 23 сентябр идома меёбад ва аз рафти дигар конфронсу чорабиниҳои он шуморо ошно месозем.

Шодихони НАЗАР, шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия


20.09.2018 Нет комментариев