734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!

Дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 17 то 21 сентябри соли 2018 дар осоишгоҳи  ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд лагери омӯзишӣ  таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардида истодааст.

Дар лагери омӯзишӣ ҷавонони фаъол аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе,  ихтиёриёни фаъол ва рӯзноманигорону адибони ҷавон иштирок намуданд.

Барномаи лагер аз баргузории чорабиниҳои гуногуни эҷодию омӯзишӣ, маърифатию фарҳангӣ, семинару тренингҳо, сайёҳату машваратҳо ва бозиҳои гуногуни илмию варзишӣ иборат аст, ки иштирокчиёни лагер дар баргузории онҳо иштироки фаъолона намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи лагери омӯзишӣ иштирокчиён аз мавзеъҳои фарҳангӣ  – фароғатӣ ва таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба худғизои маънавӣ бардоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна лагерҳои омӯзишӣ бо доираи васеи ҷавонон мунтазам доир карда мешавад.

 


20.09.2018 Нет комментариев