734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ЧҶ-2018: Тоҷикистонро 10 дзюдочӣ муаррифӣ мекунанд

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад иштирок мекунанд.

Мусобиқаи мазкур 20 – 27 сентябри соли равон доир гардида, иштироки 815 варзишгар аз 131 кишвари ҷаҳон дарназар аст. Ҷумҳурии моро 10 нафар муаррифӣ мекунанд:

Вазни -60 кило
Боқиев Суҳроб

Вазни -66 кило
Боқиев Ёқубҷон

Вазни -73 кило
Хоҷазода Беҳрӯз
Маҳмадбеков Сомон

Вазни -81 кило
Муродов Акмал

Вазни -90 кило
Устопириён Комроншоҳ

Вазни -100 кило
Саидов Саидҷалол

Вазни +100 кило
Мирмамадов Шакармамад
Раҳимов Темур

Вазни -57 кило миёни бонувон
Қаландарова Шоҳида

Дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони чемпионат соҳиби 2000 хол, ҷои дуюм 1400 хол ва ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд.

Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 800000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар баробари медали тилло 26000 евро (2500 евро ба мураббӣ) ба даст меоранд. Барои ҷои дуюм 15000 евро (3000 евро ба мураббӣ) ва барои ҷои сеюм 8000 евро (1600 евро ба мураббӣ) пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ягона медали биринҷиро ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кило ба хазинаи варзишии кишвар ворид кардааст.

Тақвими Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба дзюдо

Боку. Толори миллии гимнастика
20.09. Вазни -48 кг (бонувон), -60 кг (мардон)
21.09. Вазни -52 кг (бонувон), -66 кг (мардон)
22.09. Вазни -57 кг (бонувон), -73 кг (мардон)
23.09. Вазни -63 кг (бонувон), -81 кг (мардон)
24.09. Вазни -70 кг (бонувон), -90 кг (мардон)
25.09. Вазни -78 кг (бонувон), -100 кг (мардон)
26.09. Вазни +78 кг (бонувон), +100 кг (мардон)
27.09. Рақобатҳои даставии омехта.


19.09.2018 Нет комментариев