734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!

Бо дархосту хоҳиши васеи ҷавонони фаъоли кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони фаъоли Тоҷикистонро бо иштироки зиёди аз 500 нафар вобаста ба маҳкум намудани амалҳои ифротгароӣ ва иштироки хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҷаласаи САҲА санаи 18 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки васеи ҷавонони касбу кори гуногун, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуд.
Дар ҳамоиш ҷавонон вобаста ба амалҳои хиёнаткоронаи роҳбари ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо андеша ронда, иброз намуданд, ки амалҳои ифртгароӣ, хиёнату амалҳои сахту сангинеро, ки хоини миллат Муҳидди Кабирӣ дар либоси поки дини мубини Ислом барои миллати тоҷик таҳмилӣ намуд, ҳеҷ гоҳ аз хотир намебароранд.
Ҳамзамон, дар доираи кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз қабили Прократураи генералии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳодисаҳои солҳои охир бори дигар собит намуданд, ки террорист Ватан, миллат, модар ва дигар арзишҳои инсонӣ, ки барои инсони комил муҳим надорад. Вақту замон нишон дод, ки торрористон ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш чӣ гуна корҳо ва аз чӣ воситаҳоро истифода менамоянд.
Муҳиддин Кабирӣ хоини миллати тоҷик, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ зиндагӣ карда, дар либоси поки Исломӣ мехост ҳадафҳои ғаразноки хоҷагони хориҷиашро амалӣ намояд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳадафу нақшаҳои нопокашон фош карда шуда, симои аслии онҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон ошно карда шуданд.
Кабирӣ хиёнаткори миллати тоҷик ба сӯи миллати хеш, ки дар он модари фариштаи ӯ дар батни покаш ӯро 9 моҳу нӯҳ рӯз нигоҳ дошта, ва арзишҳои бузурги ин миллатро ҳадя кардааст, санг партофта истодааст. Ӯ арзишҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро зери по карда, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопок ва дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷӣ тамоми роҳу воситаро истифода намудаистодаанд.


18.09.2018 Нет комментариев