734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ӯ ҷоннисори миллат аст…

Дар бораи ҷонфидоиву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, хуррамгардонию гулгулшукуфоӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ғамхору раҳнамо, ҷонфидову мунис ва дӯстдори халқ будани ӯ чӣ дар расонаву рӯзномаҳои дохиливу хориҷӣ бисёр шунидаем ва саҳифаҳои таърихи миллат  ингуна сарнавишти “Марди роҳ”- ро надидааст ва барои таърихи миллат ин сарнавиштро бо ҳарфҳои заррин бинвишааст.

Дар солҳои 90 – уми  асри гузашта, кишвари мо – Тоҷикистони азизро душманони миллат тавассути ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мехостанд, ба пораҳо тақсим намуда, ёдгориҳои таърихӣ, осори пурғановати миллати фарҳангсолор, асолат ва рисолати фарҳангу забон ва расму оини миллии моро аз байн бубаранд ва давлати тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест намуда, номи миллати тоҷикро аз китоби таърихи башарият нопадид созанд.

Дар ин марҳилаи ниҳоят мураккаб барои миллати тоҷик  фарзанди фарзонаи миллат ба сари қудрат бинишаст ва гуфт, ки “Ман барои Шумо сулҳ меоварам…”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бо тадбирҳои оқилона, одилона, орифона ва сиёсати хирадмандонаи хеш тавонистанд оташи ҷанги бародаркӯшро дар Ватан хомӯш намуда, миллионҳо гурезаро ба хонаҳои хеш баргардонад ва ба ваъдаи додаи худ вафо намояд. Тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда фазои оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва сулҳи деринтизори миллати тоҷикро ба халқи тоҷик ба арзонӣ ҳадя намуданд.

Ин ҳама дастовардҳову комёбиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин замина гузошт, ки халқи шарифи Тоҷикистон хизматҳову ҷонисориҳо, талошу заҳматҳои ин фарзанди фарзонаро дида, ӯро ҳамчун Пешвои миллат дар қалбҳои хеш ҷой доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на мисли дигар Президентҳои кишварҳои хориҷа, балки ӯ мунису ғамхор ва роҳкушову роҳнамои хурду бузурги миллати тоҷик аст. Кӯдакону наврасон бо меҳру муҳаббат ва назокату латофат “бобои Эмомалӣ” садояш мекунанд ва аз ин ифтихор доранд. Ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи созанда аз ташаббусҳову иқдомот ва сиёсати оқилонаву ҷавонпарваронаи Пешвои маҳбуби миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  илҳом мегиранд ӯро ҳамчун “падари маънавӣ” медонанд ва иброз менамоянд, ки мо ҷавонони Тоҷикистон, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошем, дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ ва гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз камари ҳиммат баста, талош менамоем, ки ин Ватанро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил диҳем.

Модарону падарон ва ё қишри калонсоли ҷомеа бо ифтихор ба фарзанди миллати хеш ҳамчун фарзанд муроҷиат менамояд ва ӯро ҳамчун фарзанд дар қалбҳои хеш ҷой намудаанд.

Пешвои миллат ҳар сол бо мақсади аз наздик шинос шудан ба ваъзи зиндагии мардум ва шунидани арзу дархости шаҳрвандони Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, дархосту пешниҳод ва нияту орзуҳои садҳо ҳазор нафар  шаҳрвандонро амалӣ менамояд. Ҳар як дархосту пешниҳоди ҷомеаро бо диққат гуш карда, ҷиҳати иҷрои он ба тамоми масъулин дастур медиҳанд ва хушбахтиовар он аст, ки масъалаи мазкурро зери таваҷуҳи доимии хеш мегирад. Ин ҳама ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонону наврасон, ятимону бепарасторон, қишри калонсоли ҷомеа ба он оварда расонид, ки мардум ҳар чи бештар ӯро дӯст доранд, дар қалбҳои хеш ҷой диҳанд ва сиёсати пешгирифтаи ӯро якдилона ҷонибдорӣ намоянд.

Дар ин давра Пешвои миллат ба дурдастарин минтақаҳои кишвар сафар намуда, бо халқи хеш, бо мардуми саодатманди миллати тоҷик суҳбату мулоқотҳо намуда, арзу шикоятҳо ва норасоиву камбудиҳои онҳоро шунида, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо чораҳои муассир андешида шуд. Дар дурдастарин деҳаҳо, дар дурдастарин шаҳру навоҳии кишвар ӯро бо самимияти беандоза, фарзандвор ва ҳамчун роҳбари оқилу дона, хирадманду роҳкушо пешвоз мегиранд. Ӯ дар қалбҳои мардум ҷогоҳи махсусе дорад, ки ҳеҷ касе ва ҳеҷ қувваю нерӯе  наметавонад ӯро аз қалбҳои мардум берун намояд, чунки ӯ аз миёни халқ бархост ва хости мардумро иҷро карда, рисолати фарзандии худро дар назди Модар – Ватан содиқона, софдилона иҷро кард.

Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар кишвари тамаддунофари тоҷикон – Тоҷикистони азиз буда, сиёсати ваҳдатофари ӯ намунаи таҷриба дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст. Ӯ барои халқ  бар арсаи сиёсат омад то ба мардуми шарифи кишвар осонӣ ва сабукиро арзонӣ дорад. Ӯ ин рисолатро ба сомон расонида, маҳбубияти зиёде дар миёни мардум пайдо намуд.

Сафари охирини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар нишон дод, ки ӯ ҳамчун Пешвои миллат рисолати худро дар назди халқ иҷро намуда, барои халқ омодааст, ҷони хешро  нисор намояд.

Тавре сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, “Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб бо сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкӯҳ ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид”.

Ба ин хатару таҳдидҳо нигоҳ накарда  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати сарнишинони чархбол супориш медиҳанд, ки “новобаста аз ваъзи иқлим ман бояд ба назди халқ равам”. Дар маводҳои нашргардида дар шабакаҳои интернетӣ, ки ҷараёни сафари Пешвои миллатро инъикос менамояд, вазъи боду ҳаво дар минтақа номусоид буда, барои парвози чархбол монеаҳо пеш меорад, вале  Пешвои миллат дар ҳадафи хеш устувор баҳри дидорбинӣ, суҳбату мулоқотҳо бо мардуми шарифи кишвар талош менамояд. Пас аз гузашти 27 соли соҳибистиқлолии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ошиқи ин сарзамин, дӯстдори ин Ватан ва ҷонфидои ин миллат мебошад, зеро дар солҳои мураккаби солҳои 90- ум Пешвои миллат иброз намуда буд, ки “Бузургтарин чизе, ки дар зиндагӣ бароям муҳим будааст, ин хизмат намудан ба халқ мебошад” ва ҳодисаи дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ бори дигар собит сохт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидову ҷоннисори миллату Ватан – Модари хеш аст.

Ҳамчунин сомона менависад, ки “Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеъи куҳистон ташриф оварданд”.

Ин ҷасорати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки ӯ аз миёни халқ бархостааст ва барои халқ ба сари қудрат омадааст. Ӯ дар миёни халқ маҳбубияти зиёде дорад ва муҳаббати мардум ба Пешвои миллат рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Муҳаббату самимияти халқро нисбати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ касе, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ гурӯҳе наметавонад, коста намояд, зеро ӯ ҷоннисори миллат асту марҳами дардҳои миллат.

 

Салимзода Каримҷон Ҳасан – мутахассиси пешбари Бахши таҳлил ва

иттиллооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон

ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


17.09.2018 Нет комментариев