734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АЗ КӮЛБОРИ ГАДОӢ ТО ДАЪВОИ ПОДШОҲӢ. Андешаҳои рӯзноманигор дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава

Пешвози меҳмонон аз ҷониби мизбонони «аврупоишуда», «занталоқ»-и  наҳзатӣ, «занозанак»-и тоҷикӣ, «паймон»-и паймоншикастагон (ё эътилофи бузакон?) ва як… такка… 

Тафсилоти ин ҳама – дар нигориши рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷики муқимиҚазоқистон (собиқ хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ва ҳоло «Народная газета») Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ,  ки дар саҳифаи муаллиф дар шабакаи ҷаҳонииFacebook нашр шудааст.

Муаллиф нигоштаи худро мақола номидааст, вале он бештар ба фелйетон ё памфлет шабоҳат дорад. Азбаски мо кайҳо намунаи чунин жанрҳоро нашр накардаем ва хонандагонамон муштоқашон гаштаанд ва азбаски мавзӯи ин нигориш имрӯз ба мавзӯи муҳими рӯз табдил ёфтааст, қарор додем онро бознашр намоем. Бо камтарин ислоҳ (асосан аломатҳои китобатӣ ва баъзе калимаву ибораҳои барои мо ноҷоиз ва номатбӯъ) ва бе ҳеҷ ихтисор, зеро боре муаллиф ба мо занг зада, талаб карда буд, ки агар маводҳои ӯро бознашр мекунем, ихтисор накунем…

Тӯй пеш аз тӯй

Кабирӣ мехост дар Варшава ин навбат на танхо бо костюми нав, балки бо арӯсони сиёсии нав ба саҳна ояд. Аммо ҳама арӯсон дастзада ва аз даст ба даст гузашта буданд. Ҳамон Беги оппозитсия — Шароф Гадоев, ки аз «Гуруҳи 24» шармандавор ӯро ронда буданд, ҳамон Олим Шерзамонови Раҳматулло Зоировро ба пули кредиташ иваз карда ва ҳамон як наҳзатии дигар, ки номаш аз ёдам рафт.

Ба як мусалмон чор зан доштан равост. Кӣ арӯси чоруми «исломии рақами 1» мешавад, холо маълум нест. Овоза ҳаст, ки Темур Варқӣ хеле уфаку туфак дорад, шабу рӯз Кабириро хору мол мекунад ва шонси ӯ бештар аз дигарон аст ва ин рашки Сайидюнуси Истаравшаниро овардааст.

Алқисса, эътилофе, ки Кабирӣ се сол барояш ҷон мекоҳонд, эълон гашт: Паймони миллии Тоҷикистон.

Номи пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеъан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст.

Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт, то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онхҳо пайвастан бо як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро барои худ мояи ор донистанд.

«Гуруҳи 24», «Ватандор» ва Анҷумани нируҳои созандаи Точикистон низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи эътилоф бо Кабириро Суҳроби Зафар — роҳбари «Гуруҳи 24» барвақт дода буд: «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи   Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон хел ҳамкорӣ нахоҳем кард!»

Додоҷон Атовуллоев баёния пахш кард, ки бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд.

Дар Варшава-2 раҳбари наҳзатиён дигар илоҷ надошт ва ҳамон эътилофи фейкиро эълон кард. «Эътилофшудагон» аз қаллобии худ ба ваҷд омада, бешармона ба рақсу бозӣ даромаданд. Рақси дастобадасти аҷоибулғароиб.

 Се провокатсияи М. Кабирӣ дар ҳошияи нишасти САҲА 

1.М.Кабирӣ ба нафаронаш супориш дод, ки аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Варшава пешвоз гиранд. «Онҳо меҳмону мо ин ҷо мизбонем, чун аврупоӣ шудем дигар» — гуфт Кабирӣ бо ҳамон табассуми мулоимхунукона.

Муҳиддино, ту агар дар Варшава мизбон бошӣ, пас ин ҷаласаи САҲА-ро ту омода сохта, (ҳайати ) ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмон даъват кардаӣ? Ту магар дабири кулли САҲА ҳастӣ? Агар ту аврупои шуда бошӣ, ба Точикистон чӣ муносибат дорӣ? Умуман, ту дар Аврупо чӣ гум кардӣ, дар ҳоле, ки хоҷаҳоят дар Эронанд?

Ҳамин пешвозгирии ҳайати ҳукумат аз ҷониби нафарони ту худ як таҳқири ҳукуматиҳо буд ва ин пешвозгирӣ бори дигар нишон дод, ки ту як рӯ не, сад рӯ дорӣ.

2. Як лесаки Кабири акси ду сол қабл барои ёдоварӣ бо Д.Атовуллоев ва писари Нурӣ — Муҳаммадҷон бардоштаро дар рӯзи аввали иҷлосияи САҲА дар саҳифааш ба намоиш гузошта, хонандаҳои Фейсбукро гумроҳ кард — гӯё Д.Атовуллоев бо Кабирӣ пайваста бошад. Ҳатто М. Нурӣ дар ин ҳамоиш ширкат надошт.

3. Дар рӯзи аввал , вақте иҷлосия ба охир расиду ҳама аз толор баромаданд, як наҳзатӣ дағалона кӯшиш кард ба дасти домулло Аёмиддин шиори «Озодӣ ба махбусони сиёсӣ»-ро зӯран часпонда, ӯро аксбардорӣ кунад. Вақте ки кӯшиши яке аз ҳамроҳони домулло барои бо сухани хуб пеши роҳи ин амали пастфитратонаро гирифтан натиҷа надод, ӯ мушти обдоре ба сари наҳзатибачаи авбош зад. Зеро дигар чора надошт, чунки он наҳзатӣ мехост домуллоро таҳқир кунад.

Ман домулло Аёмиддинро аз солҳои 80-ум хуб мешинохтам. Домуллои муҳтарам, аз ҷумлаи наҳзатиҳои ангуштшумор буд, ки бо вай баҳс кардан хатар надошт. Агар ба як ҳарфи наҳзатиҳои дигар эрод мегирифтед, дарҳол дар рӯйхати сиёҳи онҳо сабт мешудед. Домулло рӯшанфикр буд, бо самимияти худ дар байни мардум маҳбубият пайдо карда буд. Ва аз ҳама муҳимаш андешаи дигарро таҳаммул кардан метавонист. Агар ба андешаи касе розӣ набошад, норозигиашро бо табассум иброз мекард. Ҷудошавии домулло аз Кабирӣ далолати самимият ва поктинатии ӯст.

Вакти танаффус наҳзатиҳо ӯро иҳота карда, саволборон мекарданд: «Ба ҳукумат фурӯхта шудӣ?, ба ту чӣ қадар пул доданд?, хиёнат кардӣ?».
Гӯё, ки дар ҷаласаи САҲА не, дар майдони набард бошанд. Рафтори «кабиричаҳо» ва «кабирилесакони» солманд саҳнаеро аз филми амрикоие ба ёд меовард, ки чи тавр харкурраҳоро ба ошхона сар медиҳанд ва онҳо дар як они вохид ҳамаро ба ҳам мезананд.

«Биё занталоқи тоҷикӣ бихурем…» 

Ин ҷумлаи Муҳиддини «аврупоишуда» ҷумлаи таърихии ин маҷлис гашт. Қасами нав, ки аллакай дар интернет машҳур шудааст.

Ҳангоми танаффус наҳзатиҳо бо сардории Кабирӣ ба мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) низ дарафтоданду исбот карданӣ шуданд, ки ҳизби наҳзат террорист набуд ва нест. Домулло ба онҳо посух дод, ки ҳадафи шумо ҷорӣ кардани равияи шиа дар Тоҷикистон аст. Шумо моҳи сентябри соли 2015 бо супориши хоҷаҳоятон кӯшиши табаддулот кардед. Ва ба Кабирӣ муроҷиат карда, чашм ба чашм гуфт: «Писари ту як миллиону дусад ҳазор долларро аз ҷои муайян гирифта, ба ҳоҷӣ Ҳалим дод!»
Дар ҷавоб М.Кабирии маккор аз суоли мушаххас гурехт ва даступохӯрда гашт:
— Домулло, агар наҳзат террористӣ бошад, биё як занталоқи тоҷикӣ хурем!
Эҳ, Мулло Кабирӣ! Боз мегӯянд, ки ту сиёсатмадори «нестандарҷаҳонӣ»! Ин чӣ ҳарфу ин чӣ савганд аст?

Агар мулло Абдураҳим ба ин пешниҳод розӣ мешуду ҳарду «занталоки тоҷикӣ» мехӯрданд, пас ба Кабирӣ лозим меомад, ки ҳамаи занҳои худро ҳалола кунад. Зеро кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015-ро инкор кардан наметавонист.

Шархи мухтасар: Агар нафаре занашро талоқ диҳад ва аз нав онро ба никоҳ дарорад, бояд ҳалола кунад, яъне ақаллан занаш шабе бо дигаре  алоқаи ҷинсӣ кунад. Кабирии асабонишуда паст намеомад:
«Чӣ хел мо террорист ҳастем? Яроқ дар дасти шумо буд!»

Ҳақ асту рост! Ҳамин яроқ буд, ки аввал пешвоҳои собиқи наҳзат ва баъд Кабирӣ самоядор шуданд. Ҳамин яроқ буд, ки соҳиби фурӯшгоҳ, бозори сердаромад, корхонаҳо ва заминҳои ҳосилхез шуданд. Ҳамин яроқ буд, ки Кабирӣ яке аз сердаромадтарин бозорро дар Тоҷикистон соҳиб шуд. Ҳамин «файзи» яроқ буд, ки як писараке аз Файзобод имрӯз дар Аврупо ҷавлон мезанад!

Босмачӣ – қаҳрамони миллат 

Дар галстукат садқа, Кабирӣ! Ин суханро кӣ бар даҳони ту монд?
Кабирӣ дар рӯзи зоида шудани эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба ҳамкосаҳояш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии ин Паймони миллаткуш аст.

Ман мутмаинам ҳар каси солимакл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулосае меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба ин маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!».

Аз рӯи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони тиҳимағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба ибораи «муборизаи миллӣ-мазҳабӣ» садо дод.

Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиред. Шумо  дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?

…Баҳори соли 1929 собиқ беки Гарм Фузайл Махсум мисли ҳамлаи гургон ба водии Рашт шабохун зад. Мактабҳоро оташ зад, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор кашид, ҷавонзани чорумро, ки ҳомиладор буд, мӯйсафедон дар сари дор аз дасти ин ҷаллод бо нолаву зорӣ гирифтанд.

Дигар муаллимҳо, аз ҷумла тағои ман Мирзоҳомид Каримов, писари исломшиноси забардаст, хатмкардаи мадрасаи Бухоро — Мирзокарим Туқсабо дар куҳҳо пинҳон шуданд. (Бобои ман он вакт дар қайди ҳаёт набуд).

Шахсиятҳои обрӯманди водии Рашт ба Фузайл Махсум маслиҳат доданд, ки баромада равад. Вагарна, ба касофатии вай садҳо одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба аспҳояш ҷав надоданд. Аз чунин пазироӣ ин фанатики хунхор ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ (мисли наҳзатиҳои имрӯза) ҳамаро дашном доду таҳдид кард, ки боз бармегардад.

Ворисони Фузайл Махсум соли 1992 водии Раштро Давлати Исломӣ эълон карданд. Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Душанбе донишгоҳ, техникум ва ҳатто ПТУ-ро хатм кардаанд, кофир эълон карда, номашонро дар рӯйхати сиёҳ барои ба қатл расондан сабт намуданд. Пеши роҳи қатли омро қумандон Мирзохӯҷа Низомов гирифт.

Аз рӯи мантиқи Кабирӣ, агар Фузайл Махсумҳо, Иброҳимбекҳо кахрамони миллӣ бошанд, пас роҳбарони Тоҷикистони шуравӣ Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Махкамов, ки тавонистанд дар зарфи ҳафтод соли шуравӣ потенциали бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҷумхурӣ бунёд созанд, бояд кофир ва душмани халқ эълон карда шаванд?!

Ҳукуматиҳо тавонистанд 

Суханронии муовини аввали  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини директори Маркази исломӣ Рустам Азизӣ дар сатҳи баланд буд. Ҳама гуфтаҳояшон мантиқӣ, далелҳо раднашаванда буданд.

Ман суханронии онҳоро гӯш карда, боз ҳамон шиори нашрияи «СССР»-ро ба ёд овардам: «Мо метавонем!».

Соярӯшанҳо   

Қариб як соли охир дар рафтору гуфтору кирдори М.Кабирӣ дигаргуниҳо эҳсос мешуд. Ба назар мерасид, ки артисти хизматнишонНАдодаи Тоҷикистон режиссёри дигаре пайдо кардааст. Ва номи ин режиссёр ҳам маълум шуд: Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён — собиқ Саймиддин Дӯстов.

Баъзе аз атрофиёни Кабирӣ, аз пайдо шудани чунин политтехнолог дафи шодӣ мезананд. Гуруҳи дигар бар онанд, ки Дӯстов як шахсияти мармуз ва машкук аст, ки оқибат «раиси моро ба ҷарӣ мебарад»
Бале, ҳама медонанд, ки Дӯстов яке аз душманони Кабирӣ буд, то замони гуреза шуданаш.

Муҳочират ба Дӯстов осон наафтид. Ӯ бисёр орзу дошт дар Олмон панохандагӣ гирад. Аммо мақомоти Олмон ба ин меҳмон рӯи хуш надоданд ва ӯ ночор ба Австрия рӯ овард. Баъди чанде Дӯстовро аз Австрия низ ронданд (депортация карданд). Баъди ин ӯ ба Полша омад. Як муддат дар лагери гурезаҳо буд. Баъдан, аз ноилоҷӣ ё хирси молу пул, ба душмани собиқаш Кабирӣ пайваст. Тааҷҷубовар ин аст, ки С.Дӯстов политтехнологи пасипардагии Кабирӣ аст. Ва маълум нест, ки дар ин эътилофи дурӯғин ӯ узви наҳзат аст ё узви яке аз иттиҳодияҳои фейкӣ.

Лекин як чиз рӯшан аст: Дӯстов замоне на фақат узви фаъоли ҳизби Президент — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд, балки борҳо ва ошкоро ба тоҷирон, сиёсатмадорон, вазирон, Дастгоҳи Президенти ҶТ худро ҳамчун хизматгор пешниҳод карда буд. Вай омода буд, ки ҳама корро барои баланд бардоштани имиджи ҳукумат кунад. Аммо ҳукуматиҳо ҳам ончуноне ки Дӯстов гумон мекард, соддалавҳ ва гӯл набудаанд. Оре, се- чор бор аз ҳукумат пули калон «канд» ва бо ҳамин тамом.

Акнун Дӯстов рӯ ба наҳзат овардааст, ки «аз хук муе биканад» ( шиори зиндагии ин политтехнологи нодонакон).

Баъди шикастҳои пай дар пайи наҳзат дар раёсати ин ҳизб садоҳое баланд мешаванд, ки мабодо ҳамшаҳрии Кабирӣ фиристодаи ҳукумат бошад? Чаро чеҳраи худро нишон намедиҳад? Чаро дигаронро «тела- тела» мекунаду худаш ҳанӯз дар паси парда аст?

Дӯстов бисёр мехоҳад  дар Аврупо як ташкилот оид ба дифоъ аз рӯзноманигорон созад. Аксари рузноманигорони дар Аврупо буда  аз ҳамкорӣ бо Дӯстов даст кашидаанд. Якеи онҳо чунин гуфт: «Дӯстов гумон мекунад, ки аксаран ба афсонаҳои ӯ бовар мекунанд. Мо-ку медонем Дӯстов кист?».
Ин хамон Дӯстове аст, ки чанд калимаро пеш аз вохӯриҳо азёд мекунад ва дар рафти суҳбат барои намоиши «донишмандӣ»-и худ  истифода менамояд: фактчикен, инсайдер,рефлексия, ребрендинг, бренд, тренд ва ҳоказо.

Охирсухан   

    Баъде ки ба ин мақола нуқта мондам, хабар омад, ки Темур Варқӣ эълон кардааст, ки барои табобати набераи Кабирӣ ба аҳолии тамоми дунё муроҷиатнома пахш кардаанд, ки ҳар касе чи имконе дорад, як сомон, даҳ доллар, сад евро, ҳазор рубл тавонад ба номи онхо бифиристанд…

Гуфта будам, ки номи ин палидро дигар ба забон намеоварам, зеро Темур Варқӣ гӯӣ, забонат ҳаром мешавад, чеҳраи хабисашро бинӣ чашмат гунаҳгор мегардад, садояшро бишнавӣ гӯшат бенамоз мегардад.

Магар Кабирӣ пул барои табобат надорад? О ту даст каш аз моҳонае, ки Кабирӣ ба ту медиҳад. Темуриён аз Канада набиёяд. Шерзамон костюми нав нахарад. Кабирӣ 50 — 60 касеро, ки ба Варшава аз гӯшаҳои гуногуни дунё даъват кард, агар намеовард, пули ҷаррохии наберааш мешуд.


17.09.2018 Нет комментариев