734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД! Вокуниши ҷавонони ташаббускори вилояти Хатлон ба таъсиси ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»

Ҷавонони баору номус ва ватандӯсти вилояти Хатлон дар робита ба таъсиси созмоне таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби мухолифинаъзои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар ташкил гардидааст, изҳорот қабул кардаанд. Дар он, аз ҷумла, чунин  нигошта шудааст:

«Дар эъломияи гурӯҳҳои мухолифин омадааст, ки гӯё дар Тоҷикистон сохтори демократӣ татбиқ намегардад, ҳуқуқбунёдӣ ва шароити ҳуқуқӣ нест, субот ва шукуфоии кишвар таъмин карда намешавад.

Ин ҳама ба ҷуз дасисаю лоф, пушти пардаи сиёҳ кашидани афкори  мардум ва заҳролуд кардани мафкураи инсонҳо дигар чизе нест.

Мо, ҷавонон тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки шумо ва ба мисли шумо гумроҳон, ки ангуштшуморанд, дар аввали солҳои  соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ба кадом варта кашида, қасди нобудии миллат ва мақсади ғулом гардонидани мардуми тоҷикро доштед.

Нокомии пойдори шумо аз он солҳо бозгӯи он буд, ки «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад». Мо аз тангназарию кӯтоҳақлӣ ва ватанфурӯшию беномусии  шумо дар аҷабем, ки чӣ гуна метавонед як ҳақиқати ғайри  инкор – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати пойдор, озодиву оромӣ, амнияту иттиҳод, ҳамдилию ҳамгироии як давлати  обод бо номи Тоҷикистонро дар радифи корҳои «бояд» иҷрошаванда бигузоред. Ҳол он ки мардуми тоҷик баъди фитнаҳою ғаразҳои нопоки  шумо чун ташнае баъди серобӣ ба қадри ободию озодии ин кишвар расиданд ва Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби ободкорию созандагӣ табдил доданд. Шумо чун ақрабе ҳастед, ки дигар аз неши шумо озоре ба ҷони ин миллат намерасад. Зеро дар дили ин Ватан родмардоне чун позаҳр дар рӯ ба рӯйи неши шумо қарор дошта, бо ҳар амали ноҷо ва ноҷавонмардонаи шумо муборизаи шадид мебаранд.

Баргузории интихоботи қаблӣ ва қабули қонунҳо, ки бо ҳамфикрии ҷомеа ба тасвиб расидаанд, аз шаффофияти комил дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Дар ин раванд  ин суханпардозии шумо ғавғои бетаъсири сагонро аз пушти гадо ба ёд меорад.

Ҷомӣ, макун андеша зи гуфтори рақибон,

Овози сагон кам накунад ризқи гадоро.

Бузургони мо асрҳо пеш моро ҳушдор дода буданд, ки дар ҳама давру замон бадхоҳону кинаварон буданду ҳастанд. Онҳо муваффақияти дигаронро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд зиндагии осудаи мардумро аз нав ноором созанд.

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Аз фасодию разилии шумо қадру манзалати Истиқлолият, Ваҳдат ва сиёсати Пешвои миллат паст нахоҳад гардид. Ин амали шумо дар Варшава, баръакс муттаҳидию ҳамбастагии ҷавононро дар атрофи  сиёсати одилонаю сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зичтар намуд.

Ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони вилояти Хатлон аз шумо ва чунин иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, ки манфиатҳои хоҷагон ва хориҷиёнро пуштибонӣ менамоянд, худро дур гирифта, барои шомил нашудани ҷавонони дигар минтақаҳои мамлакат ва таъмини амнияти кишвар кӯшиш хоҳанд кард.

Мо ҷавонони тоҷик пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем.


14.09.2018 Нет комментариев