734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Муроҷиатномаи ҷавонони Тоҷикистон ба ТТЭ Ҳизби наҳзат ва ҳаммаслакони онҳо

Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзат бо ном дар либоси поки дини мубини Ислом бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои –ғаразноки ҳаммаслакон ва иҷрои саривақтии супориши хоҷагони хеш тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, пас аз ин ҳама  хиёнату кирдорҳои зишт, амалҳои сахту сангин барои миллат  ва доғ овардан ба обрӯи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора мехоҳанд аз минбарҳои созмонҳои бунуфӯз, ки онҳо аз кидроҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ надоранд худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед намояд.

         Ҳизби наҳзат бо роҳбарии хиёнаткор ва миллатфуруш Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд бо риёкориву сохтакориҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро  бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, бо туҳмату буҳтон, сафсатаю дуруғҳои фитнаангез мехоҳанд оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва Истиқлолияти комили миллиро халалдор намоянд.

         Мо ҷавонони Тоҷикистон амалҳои ғаразноку фитнаангези Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзат ва роҳбари он Муҳиддин Кабириро дар солҳои 90 – уми  асри гузашта хуб дар хотир дорем ва таърихи давлатдории миллии тоҷикон  ҳаводисҳои охири асри гузаштаро ҳеҷ аз хотир намебарорад. Ватани биҳиштосоро ба харобазор табдил дода, оҳу нолаю фиғони модари тоҷик ба само мерасид, бародар аз гиребони бародари хеш мегирифт ва писар бар сӯи падари хеш яроқ мебардошт, шогирдон хонаи устодони хешро оташ зада, духтарон барои ҳимояи номуси хеш саргин ба руйҳои хеш мекарданд. Ин ҳамаро таърих фаромӯш нахоҳад кард ва миллат аз ёд нахоҳад бурд.

         Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи  27 – соли соҳибистиқлолии кишвар ҷанги бародаркушро хотима бахшида, кишвари ба пораҳо тақимгардидаро ба як кишвари воҳид табдил доданд ва имрӯз насли ҷавони кишвар дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию фазои комили ваҳдати миллӣ  умр ба сар бурда истодаанд, вале хоинони миллати тоҷик, ки ин ҳама пешравию созандагиро бо чашми хеш диданд, дар фазои оромиву осудагии он зиндагӣ карданд, ин ҳамаро нодида мегиранд, нону намакаи ин миллатро хӯрда дар намакдонаш хок пошиданд, амали хоинонаи онҳо аз ҷониби мо ҷавонон беҷавоб намемонад.

         Созмони бонуфузи САҲА  муроҷиату дархостҳои миллионҳо нафар модарону духтарон, ҷавонону  сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, ки  бар зидди ТТЭ ҲН мебошанд ва амалҳои ғаразноки ҳизби наҳзати исломиро дар хотир доранд ва ё кирдорҳои онҳоро маҳкум мекунанд нодида гирифта, барои ин террористон дар баргузории нишастҳояшон иҷозаи вуруд ва ҳақи сухан гуфтан медиҳанд, ки  амал барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таасуфовар аст. Зеро мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои оромиву осудагии кишвар зиндагӣ карда, ин созмонро ҳамчун созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ва ба қавле адолатпаноҳи ҷаҳон медонистем, вале рафтор ва ҳаводисҳои охире, ки дар САҲА ба вуқуъ омад аз он гувоҳӣ медиҳад, ки САҲА бо ташкилотҳои террористӣ ҳамкорӣ намуда, ҷинояткороне, ки аз ҷониби давлатҳои узви САҲА  ҳамчун террорист шинохта мешаванд ва амалҳои онҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрати ҷаҳон маҳкум карда мешаванд, ҷонибдорӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

         Мо ҷавонони Тоҷикистон амалҳои ғаразонаи Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзатро маҳкум намуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯем, ки Тоҷикистон ва халқи шарифи он дар партави сиёсати оқилона, одилона, содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон мебошад, дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию амони кору фаъолият ва зисту зиндагӣ намуда,  ҳеҷ қуввае ва ҳеҷ як ташкилоту гуруҳҳои ифротӣ наметавонанд, ки фазои оромиву осудагии кишвари моро халалдор намоянд.

          Мо ҷавонони Тоҷикистон амалҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲН – ро маҳкум намуда, то ҷон дар бадан дорем бар зиди ин гуруҳи иғвоангезу террористӣ муборизаи беамон ва агар лозим шавад баҳри ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва миллии худ ҷони хешро бедареғ мебахшем.

 

                                                                           Ҷавонони Тоҷикистон


13.09.2018 Нет комментариев