734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар

Бахшида ба ҷашни 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқоту вохуриҳои судмандро доир намуданд.

Мулоқоту вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо донишҷӯёни зинаи аввал бештар ҷалб гардиданд.

 

 


11.09.2018 Нет комментариев