734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


5 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии қабилаҳо

Варзишгарони тоҷик дар 3-юм Бозиҳои ҷаҳонии қабилаҳо 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

1-8 сентябр дар Чолпонотаи Ҷумҳурии Қирғизистон 3-юм Бозиҳои ҷаҳонии қабилаҳо (World Nomad Games) баргузор шуд. Дар бозиҳо 1976 варзишгар аз 74 кишвар иштирок карданд. Бозиҳо аз рӯи 37 намуди варзиш, аз ҷумла гуштини алиш (Қирғизистон), кураш (Узбекистон), самбо (Руссия), камарбандӣ (Тоҷикистон), паҳлавонӣ (Эрон), куреш (Қазоқистон), гюлеш (Озарбойҷон), гуреш (Туркманистон), сумо (Ҷопон), ссирим (Кореяи Ҷанубӣ), бох (Муғулистон), мангала (Туркия), овари (Африқо), бандкашӣ, дастхобонӣ, бузкашӣ, аспсаворӣ, камонварӣ ҷараён гирифт.
Медали тиллои Тоҷикистонро Фарҳод Анақулов дар гуштини гюлеши озарӣ ба даст овард. Фарҳод, ҳамчунин дар куреши қазоқӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ барои ҷои якум 70000 соми қирғизӣ (1000 доллари ИМА), барои медали нуқра 35000 сом (500 доллари ИМА) ҷоизапулӣ гирифт. Медали дигари нуқраро дастаи Тоҷикистон (ноҳияи Мурғоб) дар мусобиқаи буҷулбозӣ ба даст овард. Дар ин намуд барои ҷои дуюм 300000 сом тақдим карда шуд. Медалҳои биринҷиро Сорбон Абдулҳаев дар гуштини гюлеши озарӣ (вазни -80 кг) ва Айвар Ҳасанов дар гуштини паҳлавонӣ (-80 кг) ба гардан овехтанд. Ба ҳар ду варзишгар дар ҳаҷми 17500-сомӣ ҷоизапулӣ насиб гардид.


11.09.2018 Нет комментариев