734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо аҳли зиё, масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони ноҳияи Шуғнон

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 27 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо аҳли зиё, ҷавонону варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шуғнон мулоқот намуданд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам иброз намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, дар як давраи ҳасоси таърихӣ ба даст омада, душманони миллат ба ҳар роҳу восита мехостанд давлату миллати тоҷикро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест намоянд, вале дар ин лаҳзаҳои душвори сарнавиши миллати тоҷик ба сари қудрат шахсияти нотакорои таърихӣ, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад, ки ӯ барои миллат тамоми ҳастии хешро бахшида, бо ҷонисориву корнамоиҳои беназир фазои оромиву осудагӣ, саодату иқбол ва фараҳу шодиро ба миллати тоҷик ба арзонӣ ҳадя намуд.
Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳиматар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханронии хеш.
Ҳамзамон, дар доираи мулоқоти тантанавӣ ба ифтихори 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Шуғнон дидан намуда, бо масъулини соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон мулоқоти судмандро анҷом доданд.
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар қаламрави кишвар рушд намуда, мураббиёну варзишгарон пайваста аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.
Дар ин замина, дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам ба Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон лавозимотҳои варзиширо чун туҳфаи идона тақдим намуданд.


10.09.2018 Нет комментариев