734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Гузориши аксӣ аз ҷараёни баргузории аксияи “Шукри Истиқлоли кишвар мекунам”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланду зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо ва хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳри Душанбе бо усули “Хона ба хона” аксияи тарғиботии “Шукри Истиқлоли кишвар мекунам” баргузор гардид.

Волонтёрони Кумита дар даст Парчами давлатӣ баҳри шодбошии сокинони кишвар ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо нишони саодату якдилӣ ва Истиқлолияти давлатӣ – рамзи давлатдории миллӣ Парчами давлатиро ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ҳадя менамуданд.

Сокинону меҳмонони ипойтахти кишвар иқдоми мазкурро хуб пазируфта, дар аксияи мазкур фаъолона иштирок намуданд.


09.09.2018 Нет комментариев