734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати умеди дурахшон ба ҷавонон

DSCN0767-300x225

11 феврали соли равон дар Кумитаи, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита, мудирони кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷавонони фаъол дар мавзӯи пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 10 феврал мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Зимни ҷаласаи васеъ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи кафолати қонуни амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда васеъ мегардонад, маънидод намуданд.

Ин таклифи вакилони мардумӣ боз як бори дигар сиёсати созанда ва бунёдкорона будани кору пайкори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар хусуси дастгирии насли ҷавон тасдиқ менамояд.

Сипас ҳар як тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумита қисм ба қисм мавриди таҳлил қарор дода шуда, оид ба муҳтаво, зарурати қабул ва пайомадҳои муфиди татбиқи онҳо ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Дар доираи ин чорабинӣ мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо низ бо гирифтани маълумоти фарогир иброз доштанд, ки ин хабари хушро ба тамоми ҷавонони донишҷӯ мерасонанд.

Ҳозирин фикру андешаҳои худро иброз намуда, дар ҷамъбаст якдилона ба як хулоса омаданд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ҳама беш ба ҳаёти ҷавонон таъсирбахш буда, татбиқи ҳар як меъёри он ба ҳаёти ҷавонони кишвар зебоӣ зам менамояд ва имконияти онҳоро дар тамоми соҳаҳо васеъ мегардонад.

Дар фарҷом ба тамоми масъулин ва иштирокчиён дастур оиди ташкил ва баргузории чорабиниҳои васеъи иттилооӣ ва маърифатӣ дар байни ҷавонон дода шуд.


13.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.